Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба коррупсия 28-уми апрели соли 2026 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар љамоатҳои деҳоти Урметан, Дар-Дар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ як қатор вохӯрҳо баргузор гардиданд.
Дар вохӯриҳои барпонамуда масъулини шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон бо маърузаҳо баромад намуда, тавваҷуҳ иштирокчиёнро ба баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва вантандӯстиву ватанпарастӣ равона сохта, вобаста қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия маълумоти заруриро пешниҳод намуданд.
Дар маҷмӯъ, чорабиниҳо дар фазои зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ