12-уми сентябри соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷоисгоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарони Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва комиссариятҳои ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи «Нақшаи чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ бо комиссияҳои даъвати ҳарбӣ ва кормандони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии коррупсия зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ» мулоқоти корӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии барпошуда кормандони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, таҳлили қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, вазъи ошкор ва баррасии қонуншиканиҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳо, натиҷаи санҷишҳои самти назорати давлатии молиявӣ, инчунин роҳҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ мавриди матраҳ қарор доданд.

Қобили тазаккур аст, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ – зиддикоррупсионии аъзоёни комиссияҳои даъвати ҳарбӣ, кормандони Вазорати мудофиа ва дар ин замина пешгирии хавфҳу омилҳои коррупсионӣ аз ҷониби онҳо зимни даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар низоми хизмати ҳарбӣ ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ