Санаи 19-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони Кумита дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи андоз: мушкилот ва чораҳои пешгирии ин падидаи номатлуб» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, оид ба роҳҳои мубориза алайҳи коррупсия, тадбирҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони соҳа, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва ҳисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба соҳаи андоз баромад намуда, ба иштирокчиён вобаста ба талаботҳои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.

Дар маҷмӯъ чорабинии болозикр дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар соҳаи андоз ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ