17 январи соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати расмии мақомот таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентӣ - Расулӣ Барот бо коршиноси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Натиа Эсебуа вобаста ба ҳолати ҳамкорӣ ва роҳандозии тадбирҳои муштараки мақомот ва Дафтари мазкур дар самти муқовимат ба коррупсия доир гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили муқовимат ба коррупсия муколамаи судманд анҷом дода, фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба раванди чорабиниҳои анҷомдодаи якҷояи мақомот ва Дафтар иброз намуданд.
Зимнан, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади паст кардани шиддати коррупсия дар кишар ва муқовимат бар зидди ин зуҳурот давоми солҳои оянда дар доираи барномаҳои муштараки зиддикоррупсионӣ ҳамкории худро густариш медиҳанд.
Вохӯрӣ ҳамчун маҳаки тақвиятдиҳандаи муносибатҳои мутақобилаи судманд арзёбӣ гардида, ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳо иброз намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ.
Баргузории вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо коршиноси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо
2026-01-19
Шумораи боздидҳо: 186