4 ноябри соли 2025 бо ташаббуси шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода» бо омӯзгорон ва донишҷуёни муассисаи мазкур конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи: «Нақши соҳаи маориф ва илм дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии аҳолӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, оид ба мавҷудияти ҳолатҳои
коррупсионӣ дар соҳаи маориф ва илм ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, тадбирҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони соҳа, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба соҳаи маориф ва илм баромад намуда, зимнан ба иштирокчиён талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.
Дар маҷмӯъ чорабинии болозикр дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар соҳаи маориф ва илм ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ