30 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ бо иштироки васеъи кормандони воҳидҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ дар доираи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ зидди коррупсия вебинарӣ минтақавӣ дар мавзӯи «Чораҳои пешгирикунанда III: Чораи пешгирикунанда барои бахши хусусӣ ва корхонаҳои давлатӣ. Барномазои омӯзишӣ» ташкил ва баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ ба ғайр аз масъулини мақомот ва Раёсати болозикр коршиносони мақомоти зиддикоррупсионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони муассисаҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои зикргардида ширкат варзида, дар вебинар коршиносон доир ба мавзӯҳои матраҳшуда бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

 

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дӯстона, илмӣ ва музокиравӣ сурат гирифта, умед аст, ки донишҳои бадастомада минбаъд дар фаъолияти хизматии кормандон баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар ва минтақа истифода хоҳанд гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ