Санаи 3 октябри соли 2025 дар доираи љаласаи 10-уми Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маросими тантанавии баимзорасонии «Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қирғизистон» баргузор гардид. Санади мазкурро директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Асаналиев Максат Кубатович ба имзо расониданд.

Ёддошти тафоҳуми имзошуда дар асоси принсипҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ, баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои мутақобила бунёд ёфта, ба таҳкими робитаҳои байни мақомоти дахлдори ду давлати бародар нигаронида шудааст. Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки татбиқи муқаррароти ин санад ба тақвияти муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат намуда, самаранокии талошҳои муштаракро дар мубориза бо коррупсия афзоиш медиҳад.

Ҳамзамон, дар доираи ҷаласаи болозикр вохӯрии директори Агентӣ бо муовини прокурори генералии Федератсияи Россия Городов Петр Петрович баргузор гардид, ки дар рафти он Барномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия барои солҳои 2026-2027 ба имзо расонида шуд.

Чорабиниҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда сурат гирифта, роҳбарони ҷонибҳо аҳамияти истисноии густариши ҳамкориҳоро, бахусус дар самти муқовимат ба коррупсия, ҳамчун омили муҳими таъмини субот ва пешрафти устувор арзёбӣ намуданд.

Санадҳои болозикр имкониятҳои навро барои мубодилаи таҷриба, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти муқовимат ба коррупсия фароҳам меоваранд.

Маркази матбуоти Агентӣ