12 феврали соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо кормандони мақомоти давлатӣ ва фаъолону намояндагони ҷомеа сӯҳбату вохӯрии судманд ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинӣ аз ҷониби масъулини Агентӣ мазмуну муҳтавои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар доир ба таҳкими ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ баён доштанд, ба ҳозирин фаҳмонида шуд.

Ҳамзамон, дар партави эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» қайд гардид, ки миллати тоҷик соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг буда, тӯли таърих ба арзишҳои миллии ягон қавму қабила ва ё давлати дигар такя накардааст.

Дар идома бахшида ба «Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад» оид ба хатари терроризму ифротгароӣ, ҳолатҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу равияҳои террористиву экстремистӣ, алоқамандии падидаи коррупсия ба терроризму экстремизм ва таъсири манфии он ба рушди устувои кишвар ва дигар масоили мубрам суханронӣ карда шуд.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифта, фаъолону сокинони ноҳияи Дӯстӣ тамоми дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Маркази матбуоти Агентӣ