Моҳи сентябри соли 2025 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр, прокурори шаҳр, комиссияҳои даъвати ҳарбӣ, кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр ва дигар масъулон дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои тарѓиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии коррупсия зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ мулоқоти корӣ доир гардид.
Дар вохӯрии барпошуда кормандони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, таҳлили қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, вазъи ошкор ва баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарии барои онҳо пешбинишуда, инчунин роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Қобили тазаккур аст, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ - зиддикоррупсионии аъзоёни комиссияҳои даъвати ҳарбӣ ва дар ин замина пешгирии хавфҳу омилҳои коррупсионӣ аз ҷониби онҳо зимни даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар низоми хизмати ҳарбӣ ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ