Рӯзҳои 18 - 22 майи соли 2026 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ҷаласаи ҳабдаҳуми Гурӯҳи шарҳии татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ва ҷаласаи ҳабдаҳуми Гурӯҳи кории байниҳукуматӣ оид ба пешгирии коррупсия барпо гардид, ки дар кори онҳо ҳайати расмии мақомот таҳти роҳбарии муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Камолзода Фирӯз Анваралӣ ширкат варзиданд.
Чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноябкорӣ ташкил карда шуда, дар доираи онҳо масъалаҳои татбиқи ҳамаҷонибаи Конвенсияи СММ зидди коррупсия, мубодилаи таҷрибаи муваффақ дар ин самт ва роҳҳои самараноки пешгирии коррупсия дар такя ба меъёрҳои Конвенсияи мазкур мавриди музокира қарор дода шуданд.
Дар маҷмӯъ, ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории болозикр дар фазои илмӣ ва музокиравӣ сурат гирифта, умед аст, ки донишу таҷрибаи зимни иштирок дар чорабиниҳои болозикр бадастомада дар фаъолияти хизматии кормандон баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар истифода хоҳад гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ