Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон
2 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканд - пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошкент меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба меҳмони олиқадр гулдастаи тару тоза тақдим карда шуд.
Ба хотири истиқболи сазовори меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар назди зинапояи ҳавопаймо роҳрави қолинии сабз густурда шуда, дар ду канори он Горди фахрӣ саф ороста, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ҳарду кишвар, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷавории Тоҷикистону Узбекистон оро ёфта буд.
Дар назди роҳбарони давлатҳо гуруҳи дӯстрӯякон дар васфи дӯстии Тоҷикистону Узбекистон шеър хонданд.
Баъди анҷоми маросими истиқбол дар толори пазироии меҳмонони олимақоми фурудгоҳ мулоқоти сарироҳии самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Сарвари кишвари мизбон муҳтарам Шавкат Мирзиёев меҳмони олиқадр, дӯст ва бародари арҷманди худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Узбекистон хайрамақдам гуфтанд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои ин сафар барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамҷаворӣ ва ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар неку назаррас хоҳад буд.