Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Озарбойҷон
Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои пазироӣ ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.
“Озарбойҷон дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон мебошад” таъкид доштанд дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои ду кишварро дар бахшҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ намуданд.
Истифодаи самараноки иқтидори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои расидан ба ҳадафҳо дар самти тиҷорату иқтисод зарур шумурда шуд.
Саноат, энергетика ва кишоварзӣ аз бахшҳои муҳими ҳамкории кишварҳо номида шуда, ба ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, мароқ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо аҳамияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, нақлиёту коммуникатсия, боркашонӣ ва истифодаи бандари баҳрии “Боку”-ро таъкид намуданд.
Зимни баррасии натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратӣ (бизнес-форум), ки дар ҳошияи сафари давлатии Пешвои миллат дар шаҳри Боку доир гардид, Сарвари давлати мо таъкид доштанд, ки натиҷаҳои он аз имкониятҳои зиёд бархурдор будани ду кишварро дар густариши робитаҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд.
Зикр гардид, ки густариши муносибатҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, муҳоҷират, маориф ва фарҳангию гуманитарӣ барои мардумони ду кишвар судовар хоҳад буд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки соли оянда дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон гузаронида шавад.
Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ҷонибҳо аз таҷрибаи хуби мунтазам дастгирӣ намудани ташаббусҳои якдигар, аз ҷумла оид ба масоили обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуданд.
Дар рафти мулоқот ҳамоҳангии наздики кишварҳо дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оваранд.