Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар шаҳри Хуҷанд

Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар шаҳри Хуҷанд  15.11.2022

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд бинои “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.       

 

Иншооти нав аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бинои муассиса дорои 20 синфхонаи таълимӣ ва 8 кабинети алоҳидаи фаннӣ буда, муҷаҳҳазсозии он дар доираи талаботи муосири соҳавӣ анҷом дода шудааст.

 

Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 барои наздики 1300 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

 

Дар иншооти нав барои омӯзиши касбу ҳунар синфхонаҳои алоҳидаи духтарона ва писарона ташкил гардида, 1 кабинети алоҳида барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Омӯзиш дар ин синфхонаҳо бо назардошти талаботи замони муосир ва усулҳои эътирофгарида гузаронида мешавад. Ба хотири сифатан беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои дақиқ, дар бинои нави муассиса 3 лабараторияи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои зарурии таҷрибаомӯзӣ барои гузаронидани таҷрибаҳои химия, физика ва биология бунёд ёфтааст. Таълимгоҳ ҳамчунин дорои 2 синфхонаи алоҳидаи технологияи иттилоотӣ буда, он ба хатти баландсуръати интернет пайваст мебошад.

 

Иброз гардид, ки барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ, дар муассисаи таълимӣ китобхона бо толори хониш ва китобхонаи электронӣ ташкил гардида, хонандагон ба махзани бойи китобҳо дастрасӣ доранд.

 

Дар иншооти нав маҷлисгоҳ барои гузаронидани вохӯриву чорабиниҳо бо 160 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, ошхона, машқгоҳи тирандозӣ ва ҳуҷраи тиббӣ бунёд ёфтааст.

 

Бояд қайд кард, ки бинои қаблии муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва ба талабот ҷавобгӯ набуд. Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар маркази шаҳр бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, гирду атрофи он пурра сабзпӯш карда шудааст.

 

Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба хонандагон тавсия доданд, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи илму дониш ва техникаву технологияи муосир ҳамеша талош намоянд.

Чоп намудан E-mail