Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении ҶДММ “Ориён Пак” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении ҶДММ “Ориён Пак” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   09.08.2022

9 август дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Пак”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар масоҳати 0,54 гектар, бо харҷи 4,6 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Муинҷон Ҳусайнов, Файзуллоҷон Улмасбоев ва Саидакмал Олимов  бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст.

Дар ошёнаи якуми бино истеҳсоли ресмону ороиши халтаҳо ва дар ошёнаи дуюм истеҳсол ва бандубасти халтаҳо ба роҳ монда шудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсолии коғазҳои рангаи ҶДММ “Дурахшон Бӯстон”-и шаҳри Бӯстон

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсолии коғазҳои рангаи ҶДММ “Дурахшон Бӯстон”-и шаҳри Бӯстон  09.08.2022

Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон Бӯстон”-ро ба истифода доданд.

Корхона нави саноатӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Ғайбулло Раҳмонов, бо мақсади таъмини бозори дохила бо маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот, бо 20 ҷои корӣ, дар масоҳати 0,47 гектар таъсис дода шудааст.

Барои бунёди корхона ва таъмини таҷҳизоти технологияи иноватсионӣ 7 миллион сомонӣ маблағ харҷ карда шудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ба истифода додани коргоҳи қолинбофии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон

Ба истифода додани коргоҳи қолинбофии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон  09.08.2022 09:

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи қолинбофии дастӣ бо истифода аз нахи абрешим дар мамлакат нахустин буда, дар коргоҳ ҳунармандони тоҷик дар якҷоягӣ бо ҳунармандони кишвари дӯсту бародар Ҷумҳурии Узбекистон ба бофтан ва омода намудани қолинҳои хуштарҳ машғуланд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Коргоҳи дӯзандагии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон

Ифтитоҳи Коргоҳи дӯзандагии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон  09.08.2022

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Коргоҳи дӯзандагии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро ба истифода доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин коргоҳи дӯзандагӣ 45 нафар занону бонувон ва духтарони бешуғл бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар навбати аввал музди маошашон 1800 сомониро ташкил медиҳад.

Коргоҳи дӯзандагӣ дар заминаи корхонаи фаръии “Зари Суғд”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳм гузоштан дар татбиқи саноатикунонии босуръати мамлакат ташкил гардидааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Ифтитоҳи Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд  09.08.2022

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар вилояти Суғд расман ифтитоҳ бахшиданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон моҳи августи соли 2004 бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Филиали Агентӣ аз маъмурият, сектори илмӣ-таҳқиқотӣ ва хизматрасониҳои техникӣ, бахши иҷозатномадиҳӣ, санҷиш ва вокуниш ба садамаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ иборат аст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд

Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд   09.08.2022

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ифтитоҳи иншооти нави таъиноти гуногун иштирок намуда, бо рафти корҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти озуқа, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, захираи озуқаворӣ шинос мешаванд ва бо аҳли заҳмату сокинони вилоят вохӯрию мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Чоп намудан E-mail

Шиносоӣ бо ҷараёни дарави ғалла ва рафти кишти такрорӣ дар хоҷаги деҳқонии “Сангалӣ Гулмурод”-и ноҳияи Данғара

Шиносоӣ бо ҷараёни дарави ғалла ва рафти кишти такрорӣ дар хоҷаги деҳқонии “Сангалӣ Гулмурод”-и ноҳияи Данғара  17.06.2022

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Хоҷаги деҳқонии “Сангалӣ Гулмурод” бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ шинос шуданд.

Хоҷагии мазкур дорои наздики 32 гектар замин буда, соли равон меҳнаткашон ғалла, пахта, сабзавот, полизӣ ва дигар намуди зироатро кишт намуданд.

Асоси муваффақияти кишоварзони хоҷагӣ аз ҷори намудани таҷрибаи муосир, коркарди босифати хок бо истифода аз техникаи тибқи таъинот пешбинишуда, интихоби тухмиҳои ба иқлими парвариш мутобиқ, ғизодиҳӣ ва риояи дигар чорабиниҳои дар доираи агратехникаи кишту парвариши зироат пешбинишуда маншаъ мегирад.

Майдони зироати ғалладонагии хоҷагӣ зиёда аз 10 гектарро дар бар мегирад ва сармашқи фаъолият қарор додани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар самти таъмини истифодаи самараноки замину риояи агротехникаи кишту парвариш барои аз ғалла ба даст овардани ҳосили баланд мусоидат намудааст.

Майдони умумии ғалладонагиҳо дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳияи Данғара зиёда аз 19 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва ҳоло ҷамъоварии ҳосил тавасути 43 комбайни ғалладарав ба таври шабонарӯзи идома дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳолати дигаргуншавии иқлиму дучанд гаштани талабот ба маводи ғизои дар ҷаҳон кишоварзонро барои таъмини истифодаи самараноки замин ва захира кардани маводи ғизои барои ду соли оянда вазифадор намуданд.

Баъди ҷамъоварии ғалла дар заминҳои холишудаи Хоҷаги деҳқонии “Сангалӣ Гулмурод” дар майдони 12 гектар кишти ҷуворимакка барои дон ва кучати қулфинай гузаронида мешавад.

Соли 2022 кишоварзони ноҳияи Данғара тибқи дурнамо дар майдони 5 557 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ мегузаронанд. Ба ҳолати 16-уми июни соли равон аллакай меҳнаткашон дар майдони зиёда аз 1 300 гектар кишти такрорӣ гузарониданд ва ҳоло кор дар ин самт дар саҳро бо равонакунии тамоми имконият ҷараён дорад.

Чоп намудан E-mail

Боздид аз пахтазори ҶСП “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ

Боздид аз пахтазори ҶСП “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ  16.06.2022

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, татбиқи амалии дастуру супоришҳо оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар ин ноҳия, ки самти асосии фаъолияти сокинонаш кишоварзӣ аст, нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Нури Вахш аз ҳолати нашъунамои пахтазори Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” боздид ба амал оварда, оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла коркарди саривақтии байни қаторҳо ва таъмин бо нуриҳои минералӣ ба хоҷагидорон маслиҳатҳои муфид доданд.  

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2015 инҷониб фаъолият дошта, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам бо обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида дар самти парваришу истеҳсоли пахта ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Имсол саҳмдорони ҷамъият дар масоҳати 3 ҳазору 365 гектар пахтаи навъи “Дӯстӣ” кишт намуданд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ буда, ба таъкиди кишоварзон  бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини ҳамаҷониба метавон ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ кард.

Дар заминҳои ҷамъият кишти пахта аввали моҳи март бо усули зери плёнка сурат гирифта, то имрӯз ба хотири рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ду маротиба озуқа, яъне нуриҳои минералӣ дода шудааст. Ҳамчунин бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ  байни қаторҳо пурра коркард карда шуда, хоҷагидорон ният доранд, ки имсол то 14 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Соли гузашта кишоварзони ҷамъияти мазкур аз ҳамин масоҳат қариб 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда буданд.

Дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶСП “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ дар оянда боз 500 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.

Пахта ҳамчун ашёи хом дар рушди соҳаи саноати мамлакат нақши бузург дорад ва ҳамин аст, ки ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат майдони кишти он зиёд карда мешавад.

Аз нашъунамои хуби ниҳоли пахта маълум аст, ки роҳбарият ва аҳли кормандони ҷамъият бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҷиҳати самараноку оқилона истифода намудани қитъаҳои замини дар ихтиёрдошта кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла бо иқдоми роҳбарияти ҷамъият 10 мошини муосири пахтағундорӣ ва зиёда аз 100 намуди таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ ворид карда шудааст. Ҳамзамон бо маблағгузории ҷамъият дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи коркарди пахта бо иқтидори солонаи 30 ҳазор тонна ашёи хом сохта, ба истифода дода шудааст, ки дорои хатҳои муосири технологӣ мебошад. Баъди коркард нахи пахта дар шакли бастаҳои махсус ба  Ҷамъияти саҳҳоми пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу” интиқол дода хоҳад шуд.

Ҳамасола дар вақти кишту парвариши пахта дар Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” зиёда аз ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Тибқи маълумоти масъулон дар давоми солҳои охир дар минтақаи Гароутӣ бо васлу насби 34 дастгоҳи муосири обкашӣ 10 ҳазор гектар замин шодоб гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми роҳбарияти ҷамъиятро дар самти азхудкунии заминҳои бекорхобида муассир арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвияти бештари ин раванд ба масъулони сохторҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ дастуру супоришҳои судманд доданд.

Чоп намудан E-mail