Мулоқоти дуҷонибаи директори Агентӣ бо раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус

 14 марти соли 2023 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус Гора Дмитрий Юревич баргузор гардид.

 

 Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни ду мақомот, аз ҷумла тақвияти ҷараёни ба имзо расонидани «Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

 Дар идома вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои байниидоравиро дар доираи ин санади ҳамкории муштарак боз ҳам густариш диҳанд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ