Мулоқоти дуҷонибаи директори Агентӣ бо сафири сафири Фавқуллода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


  3 феврали соли 2023 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо сафири Фавқуллода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдураҳмон ал-Решайдон баргузор гардид.

 

  Сараввал директори Агентӣ ҷаноби сафирро ба муносибати таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъули давлатӣ табрику муборакбод намуда, дар иҷрои вазифаҳои муҳим барору комёбиҳо таманно намуданд.

 

 Сипас масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, инчунин ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия, аз ҷумла тақвияти ҷараёни ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентӣ ва мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд.

 

 Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати рушди робитаҳои дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия изҳори боварӣ намуданд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ