Ташрифи коршиносони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба Агентӣ

 10 ноябри соли 2022 дар дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти масъулини Агентӣ бо коршиносони раёсати мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ ва Дафтари ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва муҳити зисти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо доир гардид.

 

 Зимни мулоқот вобаста ба ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили муқовимат ба коррупсия, ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни ҷавонон ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ, инчунин доир ба тадбирҳои андешидашуда дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.

 

 Коршиносони Созмони мазкур ба фаъолияти Агентӣ дар самтҳои болозикр баҳои баланд дода, ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи судманд изҳори умедворӣ намуданд.

 

 Қайд гардид, ки Агентӣ ҷиҳати мунтазам ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва  Ҳамкорӣ дар Аврупо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар ҳамбастагӣ бо Дафтари мазкур  чорабиниҳои мақсаднокро баҳри баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳли ҷомеа роҳандозӣ менамояд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail