Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Муқовимат ба коррупсия - кори дастаҷамъист»
Санаи 7 ва 8-уми ноябри соли 2024 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи байналмилалии мубориза бар коррупсия» дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия - кори дастаҷамъист» доир гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки муовинони раисони кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва шахсони масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода, инчунин ҷавонон, занон ва доираи васеи сокинон сурат гирифта, дар он маърузачиён доир ба мавзӯъҳои мухталифи муқовимат ба коррупсия баромад намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти оқибатҳои манфии коррупсия дар устуворӣ ва идоракунии давлат, поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин рушди иқтисодиёти кишвар, мубориза бо ин амали номатлубро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар мубориза бо ин падидаи хатарнок ва таҳдидкунанда ба амнияти ҷомеа пурзӯр намудааст.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои мубоҳисавии иштирокчиён сурат гирифта, ҳадафи баргузории он пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва муборизаи беамон бо зуҳуроти коррупсия арзёбӣ карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ.