.
2 июни соли 2023 ба дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Думаи давлатии Федератсияи Русия оид ба амният ва муқовимат ба коррупсия ташриф оварданд.
Дар рафти мулоқот вобаста ба механизмҳои муосири муқовимат ба коррупсия табодули таҷриба сурат гирифта, ба тавсеаи ҳамкориҳо дар самти муқовимат ба корупсия диққати махсус зоҳир гардид.
Дар хотимаи чорабинӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду нумуъ додани ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия изҳори боварӣ намуда, аҳамияти муносибатҳои дуҷонибаро, ки анъанавӣ дӯстона ва дар рӯҳияи шарикии стратегии ду кишвар инкишоф меёбанд, қайд кардаанд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
29 майи соли 2023 дар дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории роҳбарияти Агентӣ бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Теа Ҷалиашвилӣ доир гардид.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Агентӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба масоили муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои муосири бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда муколламаи судманд сурат гирифт.
Ҷонибҳо вохурии имрӯзаро имкони хуби баррасии дарёфти роҳҳои ҳамкории мутақобила маънидод карда, мувофиқа гардид, ки дар ояндаи наздик санади ҳамкории муштарак ба имзо расонида шавад.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
16 майи соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати расмии Агентӣ бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор диор гардид.
Зимни мулоқот рафти иҷрои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, татбиқи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти мақомот мавриди баррасӣ ва муҳокиҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеи бештари ҳамкориҳо таъкид карданд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
Истифодаи мақсадноки биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронӣ, маблағҳо ва молу мулки дигари давлатӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобаста карда шудаанд, яке аз самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия маҳсуб меёбад.
Бо ин мақсад аз ҷониби масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор вазорату идораҳо аз қабили Палатаи ҳисоб, Агентии хизмати давлатӣ, Вазорати фарҳанг, Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи телевизион ва радио ва зерсохторҳои он дар моҳи майи соли ҷорӣ чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ роҳандозӣ гардиданд.
Зимни баргузории чорабинӣ ба ҳозирин мазмун ва моҳияти талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” фаҳмонида дода шуда, вазъи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар самти болозикр мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар навбати худ шштирокчиён низ доир ба мавзўъ нуқтаи назари хешро иброз дошта, қайд намуданд, ки ин қабил чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахрвандон заминагузор буда, дар роҳи пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии вобаста ба коррупсия таъсири мусбӣ мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷавонон дар масоили муқовимат ба коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳти унвони “Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавонон–омили рушди суботи ҷомеа” сӯҳбату вохӯрии судманд доир гардид.
Дар чорабинӣ масъулини раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суханронӣ карда, нақши ҷавононро дар роҳи мубориза бо коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон ба иштирокчиён мазмуну моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва роҳҳои муосири муқовимат ба коррупсия фаҳмонида дода шуд.
Дар навбати худ устодону донишҷуёни донишгоҳ доир ба мавзӯъ ибрози андеша намуда, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
Дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти муқовимат ба коррупсия дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тариқи маҷозӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар конфронс кормандони Агентӣ, намояндагони муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, доир ба масъалаҳои воқеии пешгирӣ, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, ки бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотӣ содир мешаванд, табодули таҷриба намуданд.
Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфта, изҳори умедворӣ карда шуд, ки он барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои байниҳамдигарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои олии ҳарду кишвар заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
.
Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат пайваста аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад. Яке аз василаҳои асосии расидан ба ҳадафи болозикр ин баргузор намудани
Конфронсу семинар, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ диққати қишрҳои гуногуни ҷомеа дар масоили муқовимат ба коррупия боз ҳам бештар ҷалб карда мешавад.
Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Агентӣ мизи мудаввар доир гардида, натиҷаи хулосаҳои экспертизаи давлатии зиддикорупсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail
.
28 марти соли 2023 дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки коршиносони мақомотҳои зикршуда ва намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии маҷозӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи меъёрҳои поквиҷдонӣ дар хизмати давлатӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, қоидаҳои рафтор, фаъолияти самараноки сохторҳои назорати дохилии вазоратҳо ва муассисаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail