Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ бо роҳи сохтакорӣ
Назаров Хуршедҷон Абдураҳмонович дар вазифаи директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Аҳмад Сохтмон” кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабӣ зимни анҷом додани корҳои таъмиру сохтмонии бинои шуъбаи маорифи ноҳияи И.Сомонӣ дар асоси супоришномаҳои пулӣ қасдан ва бо роҳи сохтакорӣ ҷамъ маблағи 272043 сомониро барзиёд нишон дода, маблағи мазкурро тасарруф намудааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расонидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Назаров Хуршедҷон Абдураҳмонович бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ