Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ бо роҳи сохтакории хизматӣ

 Шукурова Фирӯза Пулатовна дар вазифаи муҳосиби музди меҳнати Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сариқтисодчӣ Худогуева Гулбаҳор Халифаевна ва муҳосиби молии муассисаи мазкур Мухамедрахимова Зебогул Мухамадиевна зимни фаъолияти кориашон бо истифода аз ваколати мансабӣ даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задаанд.

 

 Чунончи, номбурдагон дар ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ведемостҳои тақсимоти музди меҳнат маълумотҳои таҳрифшударо ворид карда, дар маҷмӯъ маблағи умумии 1540703 сомониро беасос ба корти электронии собиқ кормадони муассиса ҳамчун музди меҳнат интиқол дода, пас аз ба таври нақдӣ гирифтани маблағи зикршуда онро ба пуррагӣ тасарруф намуданд.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Шукурова Ф.П., Худогуева Г. Х. ва Мухамедрахимова З.М. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ