Машғулияти омӯзишӣ вобаста ба «Тартиби баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд»

 23 декабри соли 2022 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентӣ бо ҷалби намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз ҷумла, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки кормандони алоҳидаи воҳидҳои сохтории мақомот вобаста ба «Тартиби баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2022, №506 тасдиқ карда шудааст, машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.

 

 Дар рафти чорабинӣ кормандони масъули Агентӣ вобаста ба таърихи қабул намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ, тарзу усулҳои ба роҳ мондани омори ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, тартиби оғоз, бақайдгирию баҳисобгирӣ ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқаманд, манфиатҳо инчунин таъсири пешбурди ҳисоботи оморӣ дар ин самт баромад намуданд.

 

 Дар фарҷом байни иштирокчиён доир ба мавзӯъ мубоҳисаи илмӣ сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ