Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ бо роҳи сохтакории хизматӣ

 Муродҷони Маҳмадуло дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Рекламаи беруна ва ороишии шаҳри Кулоб” кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ задааст.

 

 Чунончӣ, ӯ бо истифодаи ваколати мансабиаш бо мақсади ба даст овардани фоида, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсуси муассисаи мазкур маблағи умумии 513365 сомониро ҳамчун маблағҳои зерҳисоб гирифта,  аз ин маблағ 329326 сомониашро барои таъмин намудани маводҳои рекламавӣ ва дигар молу ашёҳои лозима хароҷот карда, боқимонда маблағи 184039 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои қасдонааш ба давлат зарари калони моддӣ расонид.

 

 Оид ба ҳолати мазкур нисбати Муродҷони Маҳмадуло бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ