Қаллобӣ барои омода кардани шиносномаи манзили истиқоматӣ

 Садуллаев Ҳақназар Файзуллоевич дар вазифаи мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонии ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш ҷинояти қаллобиро дар ҳолатҳои зерин содир намуд.

 

 Чунончӣ, номбурда дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муовини раиси ҷамоати мазкур Гулмуродов Зокиржон Иргашович аз шаҳрванд “А” дар хусуси мусоидат намудан ҷиҳати омода карда додани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии қитъаи замин маблағи 13000 сомони талаб намудаанд.

 

 Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ Садуллаев Ҳ.Ф. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 13000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ  ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Гулмуродов Зокиржон Иргашович ва Садуллоев Ҳақназар Файзуллоевич бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ