Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор

   Валаматова Азизахон Ҳотамовна дар асоси қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-и шаҳри Хуҷанд таъин гардида, шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар чунин ҳолат ба содир намудани ҷинояти гирифтани пора даст зад.

   Чунончӣ, ӯ ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои  омода кардани ҳуҷҷатҳо ва додани тавсифномаи мусбат дар суд ҷиҳати имконпазир будани ба фарзандхонӣ қабул шудани ноболиғ шаҳрванд “Б” аз охирон маблағи 15000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи мазкур 10 000 сомониашро гирифта, боқимонда маблағи 5000 сомониро талаб намуд.  

  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Валаматова А.Ҳ. баъди аз шаҳрванд “А” ба сифати пора гирифтани боқимонда маблағи 5000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.

  Вобаста ба ҳолати болозикр нисбати Валаматова Азизахон Ҳотамовна бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди пурра ба итмом расонидани тафтиши пешакӣ, парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

   Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail