Ошкори ҳолати азонихудкунии маблағ аз тарафи директори Маркази алоқаи почтаи шаҳри Ҳисор
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Каримова Н.Р. нишон дод, ки номбурда дар вазифаи директори Маркази алоқаи почтаи шаҳри Ҳисор кор карда, ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоб рафта, зимни фаъолияти кориаш маблағҳои обунаро барои рӯзномаву маҷаллаҳо барои солҳои 2024-2025 аз муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Ҳисор тариқи нақдӣ ба миқдори 365178,17 сомонӣ ҷамъоварӣ намуд.
Зимнан, Каримова Н.Р. қасдан ва бо мақсади тасарруфи маблағи дар ихтиёраш қарор дошта, аз маблағи 365178,17 сомонии тариқи нақдӣ ҷамъоварӣ намудааш 261771,43 сомониро ба суратҳисоби Марказ ворид намуда, боқимонда маблағи 103406,74 сомонии дар ихтиёраш қарордоштаро бо роҳи азонихдкунӣ тасарруф кард.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Каримова Н.Р. бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ