Ошкори ҳолати фурӯши қитъаҳои замин дар шаҳри Исфара
Зимни баррасии аризаи дастаҷамъонаи сокинони шаҳри Исфара муайян карда шуд, ки Шафеиён И.С. аз 01 марти соли 2021 инҷониб дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара кор карда истода, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст.
Чунончи, Шафеиён И.С. моҳи майи соли 2021 бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд А.Б. ва якчанд сокинони шаҳри Исфара даромада, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз номбурдагон барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди маҳаллаҳои Сомониён ва Моҳпарии шаҳри Исфара барои сохтмони манзили истиқоматӣ маблағи 255 000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ дар якчанд маврид ҷамъ 180 000 сомониро гирифт.
Шафеиён И.С. баъди гирифтани маблағи зикршуда ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, онро тасарруф намуда ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кард, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд А.Б. ва дигарон зарари махсусан калони моддӣ расонид.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Шафеиён И.С. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.
Маркази матбуоти Агентӣ