Боздошти корманди Кумитаи идораи замин дар шаҳри Ҳисор барои қаллобӣ
Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки Қосимов Қ.Т. дар вазифаи мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замин дар шаҳри Ҳисор кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш охирҳои моҳи январи соли 2024 бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд С.М. даромада, аз номбурда бо роҳи фиреб барои омода намудани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои манзили истиқоматиаш маблағи 30000 сомонӣ талаб карда, аз ин 20000 сомониро худи ҳамон вақт гирифта, оварда додани боқимонда 10000 сомонии дигарро талаб намуд.
Зимнан, дар асоси муроҷиати шаҳрванд С.М. санаи 22 апрели соли 2024 аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ – тафтишотӣ таъсис дода шуда, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои дахлдор гумонбаршуда Қосимов Қ.Т. баъди аз шаҳрванд С.М. гирифтани маблағи 10000 сомонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт гардида, маблағи зикршуда аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Қосимов Қ.Т. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.
Маркази матбуоти Агентӣ.