Ошкори ҳолати тасарруфи маблағи пулӣ аз тарафи сардори шуъбаи Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор
14 марти соли 2024 шаҳрванд Амиров Ф.Ҳ. бо ариза унвонии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки нисбати сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор Каримов Б.З. ва бародари шафқати Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор Салимов Н.С. чораи қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурдагон аз ӯ барои ба рӯйхати даъватшавандагони алтернативӣ номнавис кардан ғайриқонунӣ маблағи 17000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ охири моҳи феврали соли ҷорӣ маблағи 8000 сомонӣ гирифта, айни ҳол овардани боқимонда маблағи 9000 сомониро талаб намуда истодаанд.
Дар ин замина, худи ҳамон рӯз аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, бо андешидани чораҳои зарурӣ Салимов Н.С. баъди аз шаҳрванд Амиров Ф.Ҳ. гирифтани маблағи 9000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Каримов Б.З. ва Салимов Н.С. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Маркази матбуоти Агентӣ.