Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2022, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, 17 феврали соли 2023 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир карда шуд.

        

  Дар нишасти мазкур мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Шарифзода Ҷамшед Ғанихоҷа, муовинони директори Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва минтақаи Рашт, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

         

  Нахуст чорабиниро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар давраи соли 2022 ба хабарнигорон маълумот пешниҳод намуд.

 

  Қайд карда шуд, ки бо мақсади ба роҳ мондани муқовимат ба коррупсия кормандони Агентӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 1218 вохӯриҳо гузаронида, дар ин раванд тавассути воситаҳои ахбори омма беш аз 117 маротиба баромад намуда, 80 мизи мудаввар, семинар ва нишастҳои матбуотӣ доир кардаанд.

 

  Кормандони мақомот ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии вазорату идораҳо 2785 пешниҳод ва 1382 дастури хаттӣ ирсол намудаанд, ки бо баррасии онҳо нисбати 1146 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ гардида, 205 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд.

      

  Сипас аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Агентӣ як қатор саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ