Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  2 феврали соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, нишасти матбуотӣ доир гардид.

 

 Дар нишаст мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Шоназаров Содиқ Ашурович, муовинони директори Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва минтақаи Рашт, инчунин доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

 

  Чорабиниро Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2021 ба саъми намояндагони воситаҳои ахбори омма расонида шуд.

 

   Қайд гардид, ки ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ кормандони Агентӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 1033 вохӯриҳо гузаронида, дар ин раванд тавассути воситаҳои ахбори омма беш аз 91 маротиба баромад намуда, 12 саҳначаҳои иҷтимоию видеороликҳои пешгирикунандаи таблиғотӣ пахш карда, 48 мизи мудаввар, семинар ва нишастҳои матбуотӣ доир намудаанд.

 

  Аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1466 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.

 

  Аз натиҷаи санҷишҳо, таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии вазорату идораҳо 2532 пешниҳод ва 1122 дастури хаттӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо нисбати 1164 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуда, 396 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

 

 

  Ҳамзамон дар рафти нишасти матбуотӣ роҳбарият ва масъулини Агентӣ бо дар назар доштани саволҳои алоҳидаи намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба самтҳои гуногуни фаъолият ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

 

     Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail