Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 феврали соли 2021 нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар нишаст мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Сироҷзода Сайфиддин, муовинони директори Агентӣ, сардорони сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва минтақаи Рашт, инчунин доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст чорабиниро Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар давраи соли 2020 ба хабарнигорон маълумот пешниҳод намуданд.

Қайд карда шуд, ки дар ин давра ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ кормандони Агентӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 827 вохӯриҳо гузаронида, дар ин раванд тавассути воситаҳои ахбори омма беш аз 56 маротиба баромад карда, дар 48 мизҳои мудаввар ва нишастҳои матбуотӣ доир намуда, дар 46 семинарҳои баргузорнамудаи дигар вазорату идораҳо иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои татбиқиСтратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” - 330 санҷишҳо гузаронида шуда, оиди бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда чораандешӣ карда шудааст.

        Аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1384 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ба маблаѓи 1 млн. 567,4 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст

Инчунин, аз натиҷаи санҷишҳо, таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда аз ҷониби кормандони Агентӣ унвонии вазорату идораҳо 2000 пешниҳод ва 487 дастури хаттӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо амалҳои 1370 нафар муҳокима гардида, нисбати 881 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуда, 196 нафар аз вазифаҳои ишѓолнамудаашон озод карда шудаанд.

Дар ин давра 60 ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, ошкор карда шуда, ҳуқуқвайронкуниҳои мазкур дар асоси санадҳои эътиноии Агентӣ бартараф карда шудаанд.

Ба Агентӣ ҷиҳати аз экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронидан 1015 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 127 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо ба мақомоти таҳиякунандаи лоиҳа бозпас гардонида шудаанд.

Дар баробари пешниҳоди маълумотҳои зикргардида аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Агентӣ як қатор саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.

 

          Маркази матбуоти Агентӣ.

 

 

Чоп намудан E-mail