Ташкил намудани мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ барои ҷавонон

Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди коррупсия ва шаффофият тасмим гирифтааст санаҳои 12 то 16 августи соли 2024 дар маҷмааи истироҳатии «Ёс»-и ноҳияи Ваҳдат мактаби тобистонаи зиддикоррупсиниро барои ҷавонон ташкил намояд.
 
Ҳадаф аз ташкили чорабинии мазкур ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба масоили муқовимат ба коррупсия ва табодули таҷрибаҳои беҳтарин дар самти мубориза бо коррупсия арзёбӣ мегардад.
 
Дар чорабинӣ мутахассисон аз Агентӣ, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва экспертони сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, вобаста ба масъалаи коррупсия лексияҳо ва машѓулиятҳои интерактивӣ барпо менамоянд.
 
Иштирок дар чорабинӣ имконият медиҳад, ки ҷавонон аз таҷрибаҳои муосири муқовимат ба коррупсия дар дохили кишвар ва ҳам хориҷи он маълумотҳои зарурӣ ба даст оварда, барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи худ дар ин самт заминаи мусоид фароҳам оваранд.
 
Иштирок дар чорабинӣ ройгон буда, рафту омад, будубош ва хўроки иштирокчиён аз ҷониби ташкилкунанда пурра пардохт карда мешавад.
 
Маълумоти бештар барои иштирок дар чорабинӣ ва ирсоли дархостҳоро метавонед аз суроғаи forms.gle гиред.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail