Баргузории семинари омӯзишӣ оид ба иҷрои тавсияҳои даври 5-уми мониторинги Нақшаи амалҳои Истамбулии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд

1 декабри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ барои ҳайати гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор оид ба иҷрои тавсияҳои даври 5-уми мониторинги Нақшаи амалҳои Истамбулии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд доир гардид.

 

Чорабиниро нахуст директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки воқеан коррупсия имрӯз ба ҳайси хатарноктарин зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, амалан ягон ҷомеа ва давлате вуҷуд надорад, ки аз таъсири он эмин бошад.

Ҷиҳати иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентӣ моҳи ноябри соли ҷорӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд, ки ҳадафи он андешидани чораҳои маҷмӯӣ ва саривақтӣ баҳри иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар минбаъда ноил гардидан ба баҳогузорӣ аз ҷониби гурӯҳи мониторингии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд мебошад.

 

Зеро натиҷаи хуби арзёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар оянда ба рушди фазои сармоягузорӣ, баланд бардоштани рейтинги давлат дар раддабандии шохиси дарки коррупсия, ҷалби шарикони рушд, гранту қарзҳои имтиёзнок ва дигар масоили актуалӣ нақши муҳим бозад.

 

Иҷрои тавсияҳои нави Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд дар доираи Нақшаи амалҳои Истамбулӣ аз муқаррароти банди 67 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки маҳз дар заминаи он баҳри шарҳи мақсад, принсип ва тавзеҳи саволномаҳои аз ҷониби Шабака ба Тоҷикистон пешниҳодшуда, инчунин хонапурии саҳеҳи онҳо чорабинии омӯзишӣ барои кормандони ниҳодҳои дахлдори кишвар баргузор карда шуд.

 

Дар идомаи семинар кормандони Агентӣ бо маърӯзаҳо баромад намуданд ва бо иштирокчиён атрофи саволҳои алоҳида муколама баргузор гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан