Таҷлили «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»​ дар Агентӣ

Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

 

8 сентябри соли 2023 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо муҳтарам Асадулло Раҳмон ва ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

Нахуст чорабиниро директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оѓоз бахшида, бо шукургузорӣ соҳибистиқлолии Ватани аҷдодиамон кормандони мақомот ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи фараҳбахш табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон хонаободӣ, хушбахтиву пирӯзӣ, саодати зиндагӣ, табъи болида ва дар ҷоддаи фаъолият барору комёбиҳоро таманно намуданд.

 

Қайд гардид, ки дар воқеъ Истиқлолияти давлатӣ, ки дар асоси «Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 9 сентябри соли 1991 бо Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, барои халқи тоҷик пойдевори асосии эҳёи миллӣ ва кулли дастовардҳо дар тамоми самту соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

 

Бо дарки қадру манзалати ин неъмат вожаи «Истиқлолият»-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маънои том, хеле возеҳу равшан ва нишонрас ифода карда, онро чунин арзёбӣ намудаанд, ки: «Истиқлолият - ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият - ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоиштаи шахсӣ ва соҳибдавлату соҳибватан аст».

 

Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии худ қарор дода, тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем

 

Дар фароварди баромади худ директори Агентӣ таманнои онро намуданд, ки парчами озодӣ дар фазои Ватани аҷдодии мо ҷовидон парафшон бошад ва хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад, ситораи иқболи давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша фурӯзон бошад ва нури истиқлол барои миллати тоҷик чароғи раҳнамо ба сӯи фатҳу нусратҳои оянда гардад.

 

Дар идомаи чорабинӣ кормандони мақомот доир ба рисолати таърихии волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик -Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърузаҳои пурмузмамуну пурмуҳтаво баромад намуда, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин санаи фархунда табрику муборакбод гуфтанд.

 

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо муҳтарам Асадулло Раҳмон ба кормандоне, ки бо назардошти натиҷаҳои назарраси корӣ ва намунавор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гардидаанд, медалу ифтихорнмаҳо тақдим карда, ба онҳо барои содиқона хизмат намудан ба халқу миллат муваффақият таманно намунданд.

Инчунин, як қатор кормандони мақомот бо рутба, медал ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотирмон аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Чоп намудан