Оғози мусобиқаи варзишӣ дар намудани “Футболи хурд” миёни кормандони Агентӣ

«Дар вокеъ, варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсоният ахамияти хосса дошт ва он яке аз омилҳои муҳими ташаккули шахсияти солими чомеа аст. Варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ, рушди ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии инсон мусоидат мекунад, инчунин, пайвандгари муносибатҳои дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ошноии мардумони гуногуни олам мебошад».

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

Рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар соҳаҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба хотири оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва тарбияи варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

 

Зеро варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ бахши таркибии маҷмӯи маданият ва як соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ буда, бахусус дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун омили муҳими тарбияи ҷисму рӯҳи солим, мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмӣ ва ташвиқи арзишҳои олии инсонӣ маҳсуб меёбад.

 

Бо мақсади оммавигардонии варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани дӯстиву робитаҳои варзишӣ имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-солагии Ваҳдати миллӣ мусобиқаи варзишӣ дар намуди “Футболи хурд” оғоз гардид.

 

Мусобиқа миёни кормандони воҳидҳои сохтории Агентӣ доир гардида, он то 20 июни соли 2023 идома меёбад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан