Иштироки кормандони Агентӣ дар Дави миллӣ
Имрӯз соҳаи варзиш дар меҳвари асосии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, нисбат ба варзишгарон дастгирию ғамхориҳои пайваста зоҳир карда мешавад.
Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дави миллӣ баргузор мегардад.
Чорабинии мазкур бо иштироки доираи васеи шаҳрвандон сурат гирифта, баёнгари он аст, ки варзиш рӯз то рӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол рушду инкишоф ёфта, қисмати асосии аҳолии мамлакат рӯ ба он оварданд.
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори намояндагони дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мардуми кишвар бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ҳамасола дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат варзида, азму иродаи хешро ҷиҳати ташаккули тарзи ҳаёти солим иброз менамоянд.
Боиси хушнудист, ки дар шароити имрӯза рушди варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардида, дар ин замина варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Парчами миллии кишварро баланд мебардоранд.
Маркази матбуоти Агентӣ