Иштирок ва суханронии роҳбарият ва ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 9-уми Конфронси кишварҳои тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Арабии Миср
Дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 13-17 декабри соли 2021 дар шаҳри Шармушшайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҷаласаи 9-уми Конфронси кишварҳои тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ва нишасти коршиносони мақомоти зиддикоррупсионӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Мусоидат ба рушди устувор тавассути дастгирии раванди татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия дар кишварҳои масири камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим” иштирок ва доир ба сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ибрози андеша намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар кори Конфронси байналмилалӣ намояндагон ва шахсони воломақом аз 152 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид низ иштирок карданд.
Дар баробари ин, дар ҳошияи чорабинии мазкур вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони давлатҳои ҷумҳуриҳои Арабии Миср, Украина ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) баргузор гардид.
Конфронс дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гардида, дар назар аст, ки аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шаванд ва онҳо метавонанд дар ташаккули минбаъдаи муқовимат ба коррупсия муосидат намоянд.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигари сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он барои боз ҳам тақвият бахшидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоидро фароҳам оварад.
Маркази матбуоти Агентӣ.