Таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
24 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо суханони табрикотӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки қабул гардидани Парчами давлатӣ дар давраи бисёр ҳассосу мураккаби таърихӣ Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз аз қабули он 30 сол сипари мегардад, барои миллати тоҷик ҷиҳати бунёди пояҳои давлати соҳибистиқлол аҳамияти калидӣ дошта, аз нахустин кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сарҷамъии миллат ва рафъи хатари паррокандагии он ба ҳисоб меравад. Парчами давлатӣ ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ дар баробари таҷассумгари асосҳои таърихиву фарҳангии мероси миллӣ будан, баёнгари соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии мардуми тоҷик буда, қабули он дар зиндагиву тафаккури халқи мо ҳамчун арзиши маънавии ҷомеа руҳияи нави ваҳдати комили миллиро ба вуҷуд овард ва халқи тоҷик ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманд эътиқоду ихлос ва эътимоди қавӣ пайдо намуд.
Дар идома кормандони Агентӣ доир ба мақому манзалати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баромадҳои пурмуҳтаво ибрози андеша намуданд.
Дар охир директори Агентӣ муҳтарам Султонзода С.С. ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, саломатӣ, иқболу саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азиз зери партави Парчами Ватан пешравию ободиҳои аз ин ҳам бештарро таманно намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ