Таҷлили «Иди байналмилалии Наврӯз»

 Санаи 19 марти соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон ба ифтихори “Иди байналмилалии Наврӯз” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

 Нахуст ҷамъомадро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати “Иди байналмилалии Наврӯз”, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, бурдборӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.

 

 Қайд гардид, ки Наврӯз ҳамчун маҳбубтарин, қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар домони табиати зебои куҳандиёри мо зуҳур карда, дар сарнавишти миллат ва тамоми меросбарони он бо ибтикороти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифта, ба асолату воқеияти таърихии худ баргашт ва суннатҳои аҷдодии он барқарор гардид.

 

 Мақоми байналмилалиро касб кардани Наврӯз имкон фароҳам овард, ки мардуми олам аз фалсафаи эҳёгариву созандагӣ ва башардӯстонаи ин ҷашни бисёр қадима ҳарчӣ бештар огоҳ гарданд, зеро Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неки он метавонад ҳамчун василаи ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат намояд.

 

 Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини  воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.

 

 Таъкид гардид, ки таҷлили бошукӯҳу дастҷамъонаи Наврӯз ҳамаи моро ба он ҳидоят месозад, ки ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани муқаддасамон, аз лиҳози иқтисодӣ нерӯманду пешрафта гардонидани давлати соҳибистиқлоламон ва аз имрӯза беҳтар намудани зиндагии мардуми шарифи кишварамон ҳарқадар бештар заҳмат кашем ва ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем.

 

 Дар идомаи чорабинӣ ғолибони мусобиқаи варзишии “Футболи хурд”, ки ба муносбати “Иди байналмилалии Наврӯз” доир гардида буд, бо ҷом ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.

 

 Ҳамзамон, пас аз фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ дар дохили бинои дастгоҳи марказии Агентӣ бо дастгирӣ аз иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ нигораҳои қадимаи ниёгони халқи тоҷик ва маҳсули ҳунармандони   кишвар, инчунин рамзҳои наврӯзӣ ба намоиш гузошта шуд.  

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан


Ҷустуҷӯ