Баргузории ҷаласаи IХ Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе
19 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Прокурори генералӣ ва директори Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия, Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон, муовини прокурори генералӣ ва директори Департаменти тафтишоти молиявии Ҷумҳурии Белорус, директори Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия, директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Муовини котиби генералии Кумитаи иљроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил ва роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи IХ Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Ба кори ҷаласа Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович ҳусни оғоз бахшида, бо қарори дахлдори аъзоёни Шӯро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид ҳамчун раисикунандаи Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2024 - 2025 таъин карда шуд.
Сипас чорабинии болозикр таҳти раёсати директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султнозода С.С. идома ёфта, дар он роҳбарияти Агентӣ вобаста ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия суханронӣ карданд.
Дар идомаи кори ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қаблии Шӯро, чораҳои самарабахши муқовимат ба коррупсия ва равишҳои умумӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо коррупсия мавриди муҳокима қарор дода шуда, байни роҳбарони аввали мақомотҳои аъзои Шўро вобаста ба корҳои анҷомдодашуда табодули афкор сурат гирифт.
Дар охири ҷаласа ҷиҳати фаъолияти Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия дар соли 2025 қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои таъмини иҷро ба аъзоёни Шӯро ирсол гардид.
Ҷаласа дар маҷмӯъ дар сатҳи баланд ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, умед аст, ки қарорҳои дар он қабулгардида ҷиҳати тақвиятӣ ҳамкорӣ ва пурзур гардидани муқовимат ба коррупсия заминаи мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Агентӣ