10 январ- «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия»

     Ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар мамлакат ба монанди муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ аз иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

   Бо мақсади вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсияву ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти назоратӣ бо иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақомоти махсусгардонидашуда таъсис дода шуд, ки вазифаҳои асосии он  аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмуи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан

Иштирок ва суханронии роҳбарият ва ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 9-уми Конфронси кишварҳои тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Арабии Миср

 

Дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 13-17 декабри соли 2021 дар шаҳри Шармушшайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҷаласаи 9-уми Конфронси кишварҳои тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ва нишасти коршиносони мақомоти зиддикоррупсионӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Мусоидат ба рушди устувор тавассути дастгирии раванди татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия дар кишварҳои масири камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим” иштирок ва доир ба сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ибрози андеша намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия»

 

9 январи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст дар чорабинӣ роҳбарияти Агентӣ суханронӣ карда, тамоми кормандонро бо иди касбӣ муборакбод гуфта, ба онҳо иқболу саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азиз пешравию ободиҳо таманно намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан


Ҷустуҷӯ