ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - ИФОДАГАРИ ИСТИҚЛОЛИ МАРДУМИ МОСТ!

Ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба ҳисоб рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.

 

Воқеан ҳам дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ ба таври васеъ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таърихи парчамдории ниёгони мо басе ҷолибу ҷаззоб зикр ёфта, доир ба «Дирафши Ковиён» маълумот оварда шудааст.

 

Тибқи ахбори муаррихон, «Дирафши Ковиён» солҳои дароз чун рамзи ифтихор парчами давлатҳои қадимии ориёиҳо — Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониён буд.

 

Аз матни «Шоҳнома» бармеояд, ки ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштанд. Яъне дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддас шинохта шуда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷон супоридаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо гуфта буданд, ки «Парчами миллӣ ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёди мо аст». 

 

Ниёгони мо, Ҳахоманишиҳо (солҳои 558-330 то милод) дар таърихи инсоният яке аз нахустин Империя созмон додаанд, ки онҳо парчами хоси худро доштанд. Парчами онҳо ранги сурх дошт ва бо шилшилаҳои сурх, сафед, сабз оро дода шуда, дар мобайни он уқоби болҳояш кушода тасвир шуда буд. Уқоб дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчун нишонаи қудрату тавоноӣ, қадимтарин рамзи ориёиҳо мебошад. Яъне парчами Ҳахоманишиҳо бо рангу тасвирҳояш баёнгари империяи неруманди замонро дорад.

 

Дар даврони Сосониён (солҳои 224-651) шакли парчами ниёгони мо каме тағйир ёфта, дар қисми болои он парандаи заррин — мурғи ҳумо таҷассум ёфта, дар чангҳояш саққоҳои тиллоӣ дошт ва дар бахши мураббаъи он қиматтарин сангҳо насб мегардиданд. Ҳамзамон дар ин давра парчам хурду мураббаъ гардида, онро чилипосалиб ба чор бахш тақсим менамуд.

Давлатҳои минбаъдаи ниёгони мо, ки дар сарзамини паҳновари Хуросон ва Мовароуннаҳр таъсис ёфта буданд, дар пайравӣ ба фарҳанги парчамдории ниёгон, ки албатта, решаҳои он ба умқи таърих мераванд, парчами хоси худро доштанд. Аз ҷумла, дар даврони Иттиҳоди шуравӣ Тоҷикистон аз соли 1929 то 1992 дар маҷмуъ 7 маротиба Парчам қабул кардааст.

 

Даврони муосир дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард. Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ (9 сентябри соли 1991) мо ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии деринаи миллат рӯ оварда, дар заминаи он рамзу муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламонро таҳия ва қабул намудем. Баробари эълон гардидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тағйир ва қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам ба миён гузошта шуд. Ҳамин тавр, озмуни беҳтарин Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд. Дар натиҷа ба ҳайати комиссия зиёда аз 200 тарҳи парчаму нишон пешниҳод гардид. Ниҳоят Парчами давлатӣ – бо се хати ранга: сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора – лоиҳаи таҳиянамудаи гурӯҳи рассомон бо роҳбарии Рассоми Халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев дар озмун беҳтарин парчам интихоб гардид.

 

24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва бо ҳамин мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардидем.

 

Хушбахтона, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон муаррифӣ, қабул ва тасдиқ гардид ва онро Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд, ҳамчун ашёи нодири таърихӣ мавриди ҳифз ва муаррифии шоиста қарор дорад.

 

Парчами мазкур матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Дарозии умумии парчами нахустин 145 сантиметр ва баландии он 85 сантиметр мебошад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои Парчами миллиро ифодагари роҳи таърихии халқи

Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ дониста гуфтанд: «Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишони сарсабзиву шукуфои, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистон соҳибистиқлол мебошад».

 

Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.

 

Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангиро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд.

 

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.

 

Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.

 

Воқеан, дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад.

 

Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.

 

Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ 20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат рӯзи 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

 

Илова бар ин, ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва тақвияти ҳисси милливу ифтихори ватандории сокинони кишвар, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон солҳои охир дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин, шаҳраку деҳоти мамлакат даҳҳо майдону гулгашти Парчам бунёд гардида, ҳоло дар онҳо ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон парафшонӣ мекунад.

 

Бо мақсади мукаммалгардонии қонунгузории амалкунанда 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро муқаррар менамояд. Бо ин қонун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 ноябри соли 1992 аз эътибор соқит карда шуд.

 

Инчунин бояд қайд намуд, ки шаклу андозаи Парчам дар асоси «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 декабри соли 1999 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.

 

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиши, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад.

 

Вобаста ба ин, бояд як нуктаро хотирнишон сохт, ки ҳар яки мо ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқатро ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бояд дар зеҳну шуури фарзандонамон аз синни кӯдакӣ тарбия намоем, зеро рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам таҷассумгари гузаштаи пурифтихори таърихӣ ва ояндаи дурахшони халқамон мебошанд.

 

Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем.

 

Ҳамчунин, хотиррасон бояд кард, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон бояд нишони сарисинагии ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бошад.

 

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон зери парафшонии Парчами давлати худ барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ - сивупанҷсолагии истиқлоли давлатӣ саъю талош карда, ҳадафҳои бузургу созандаро амалӣ месозанд.

 

Дар ин раванд, Парчами давлатӣ барои мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамчун рамзи ватандорӣ, нангу номус, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат мекунад ва ба мо дар ҷодаи ободониву созандагии сарзамини аҷдодиамон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

 

Итминони комил дорам, ки мо кулли кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, тақвияти иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва шаҳрванд, ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва баланд бардоштани мақому обрӯи он раванди созандагиву бунёдкориро бо парафшонии Парчами миллӣ вусъати бештар мебахшем.

 

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

«Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рамзи садоқат ба Президент ва Ватан!

Таърихи ташаккул ва таҳаввулоти ҷомеаи башарӣ нишон медиҳад, ки инсон аз нахустин шинохти худ ба ҳайси шахси бошуур пайваста кӯшиш ба харҷ додааст, ки рафтору амал ва кирдори худро дар доираи қоидаҳои муайян ба роҳ монда, ба ин васила муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҷомеаро ба танзим дарорад.

 

Аз ин рӯ, афкору арзишҳои пешрафтаи башарият бо ғояҳои фалсафию ахлоқӣ ва сиёсию иҷтимоӣ оид ба ҷамъияту давлат, ҳуқуқу озодӣ ва сохти ҷамъиятии боадолат пайвастагии зич дорад.

 

Зеро давлат ва ҳуқуқ дар ҳамбастагӣ аз ҷумлаи ҳамин арзишҳои бунёдии башарият маҳсуб меёбанд, ки давра ба давра инкишофу таҳаввулоти муназзами онро таъмин намудаанд.

 

Бояд тазаккур дод, ки ташаккули давлату ҳуқуқ, шаклҳои идоракунии давлатдорӣ, сиёсати ҳуқуқӣ, афкору андешаҳо оиди ҳуқуқи инсон дар сарзамини гузаштаву имрӯзаи Тоҷикистони мо дар доираи тамаддунҳои ориёӣ, исломӣ, шӯравӣ ва пасошӯравӣ сурат гирифтааст.

 

Вале тавре аз ганҷинаи таърихи давлатдории ҷомеаи ҷаҳонӣ огаҳӣ дорем, дар дилхоҳ давлати дунё ҷавҳари асосии ҳаёти сиёсӣ - шакли идоракунии он ба ҳисоб меравад.

 

Имрӯз олимони соҳаи сиёсат асоси хушбахтӣ ва осудаҳолии мардумро дар иттифоқу ҳамраъйӣ, бартараф намудани ҳамаи монеаҳо ба хотири пешрафт, ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳар як қишри ҷомеа тариқи роҳбарие, ки ҳадафи ниҳоии он пайваста дар таъмини беҳбудии умум равона карда шуда бошад, мансуб дониста, бар он ақидаанд, ки дар меҳвари шаклҳои идоракунии давлатдорӣ беҳтарин василаи идораи давлат, ки он боиси писанди афкори аксари сокинони давлатҳои сайёра гардидааст, дар воқеъ шакли «Идоракунии Президентӣ» маҳсуб меёбад.

 

Аз ин боис, дар шакли «Ҷумҳурии Президентӣ» қабул карда шудани низоми идоракунии давлатдории Тоҷикистон маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯза маҳсуб ёфта, чунин шакли идора барои давлати тозаистиқлоли мо, дар баробари наҷоти давлату миллат, ҳамзамон яке аз омилҳои асосии рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар самтҳо гардид.

 

Тибқи муқаррароти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент - Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия маҳсуб ёфта, ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳамкориҳои онҳо ва риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон эътироф гардидааст.

 

Дар иртиботи меъёри мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат рамзи давлат, баёнгари ягонагии он, нигоҳдорандаи тавозуни ҳокимияти давлатӣ, ҳамгироии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва қувваи марказии ҳалкунандаи масъалаҳои умдатарини дохилию хориҷии давлат мебошад.

 

Маҳз аз ҳамин хотир, таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни қадршиносию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионӣ онҳоро ҳимоя ва ҳифз менамояд.

   

Новобаста аз он ки таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» чун як рамзи давлатдорӣ ба хотири  қадрдонию арҷгузорӣ ба «Ҳокимияти Президентӣ» алоқамандӣ дорад, вале ҳақиқати воқеӣ дар он ифода меёбад, ки кулли мардуми сарбаланди миллати тоҷик дар баробари ба ёд овардани «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», пештар аз ҳама, симо ва шахсияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмату заҳматҳои бузурги ин абармарди таърихӣ ва сиёсатмадори барҷастаро дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши назар меоранд.

 

Ҳамрадиф будан ва пайвастагии ногусастанӣ доштани мафҳуми истилоҳи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсият ва заҳмату хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат дар он зоҳир мегардад, ки агар дар таърихи миллати мо институти шакли идоракунии «Ҷумҳурии Президентӣ» дар нахустин Конститусияи Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбинӣ ва муқаррар шуда бошад, пас муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Президенти давлати тозабунёди мо ҳастанд, ки дар асоси муқаррароти Конститутсияи даврони навин аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ интихоб карда шуданд ва шахсияту симои сиёсии мавсуф дар тӯли ин солҳо дар пеши назари халқу миллат давра ба давра ва батадриҷ ташаккул ёфтааст.

 

Ҳоло ҳар як сокини ин сарзамин ва кулли тоҷикони ҷаҳон ба хотири хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва муҳаббати самимие, ки Пешвои муаззами мо ба ин халқу миллат ва садоқате, ки ба ин Ватан доранд, дӯст медоранд ва дар азамати шоистагию сазоворӣ ба ин шахсият эҳтиром мегузоранд.

 

Воқеан шакли идораи «Ҷумҳурии Президентӣ», ки барои давлатдории мо ниҳоди нави сиёсию ҳуқуқӣ маҳсуб меёфт, мақому манзалати худро то ба сатҳи таҷлили «Рӯзи Президент» ҳамчун ҷашнвораи давлатдорӣ бо шарофати    ҳамин чеҳраи таърихӣ - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт намуд.

 

Зеро низоми мазкур маҳз таҳти сарварии оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ниёзҳои мардумро дар мавриди аввал, вобаста ба таъмини сулҳу субот, ваҳдату сарҷамъӣ бароварда гардонид ва дар ниҳоят мардуми Тоҷикистонро аз парокандагӣ ва кишвари маҳбубамонро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшид.

 

Аз ин лиҳоз, бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини ваҳдати ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯю нуфузи мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумхурии Точикистон» ворид карда шуд.  

 

Албатта, сабаби маҳз ба ҳамин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак асоси воқеӣ дорад. Зеро аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва мақсад аз «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян намудани ин сана дар он буд, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне мутобиқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли нави идораи давлатӣ, яъне «Идоракунии Президентӣ» оғоз ёфт ва Президенти интихобгардида - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифа шурӯъ намуданд.

 

Дар воқеъ дар таърихи давлатдории тоҷикон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳои таърихию барҷаста ва номбардоре пазируфта мешаванд, ки дар вазъу марҳалаҳои барои Тоҷикистони тозаистиқлол басо мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакатамонро возеҳ муайян намуданд ва дар болоравии обрӯю мақоми давлати тоҷикон нақши абадӣ гузоштанд.

 

Ин абармарди дунёи сиёсат аз рӯзҳои аввали интихоб шуданашон ба ин маснад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ватандӯстона равандеро, ки барои ба таври ҷиддӣ тағйир додани шароити иҷтимоӣ ва меъёрҳои муносибатҳои маърифатию фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, арзишҳои неку созанда ва тафаккури пешқадамро ташаккул медиҳад, интихоб намуда, онро давра ба давра дар ҷомеаи Тоҷикистон амалӣ намуданд.

 

Ин таҳаввулот гузариши амиқи иҷтимоиву маданӣ ва баромадан ба зинаи нави беҳзистӣ ва дурустандеширо ифода карда, тамоми ҷанбаҳои ҳаёт - аз зиндагии моддӣ то арзишҳои маънавиро фарогир мебошад.

 

Ҳоло Пешвои муаззами миллати моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳамоварандаи шароити арзанда барои мардуми кишвар ва ташаббускори чандин масъалаҳои глобалии минтақавию ҷаҳонӣ эътироф кардаанд.

 

Бо Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ сарфароз гардонидани Пешвои муаззами миллати тоҷик, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин «Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ» далели гуфтаҳои боло ва нишонаи арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хизматҳои шоистаи ин чеҳраи барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

 

Маҳз ба ҳамин хотир, инак тӯли 8 сол мешавад, ки мардуми фарҳангсолори тоҷик «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент ва садоқат ба Ватан бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комили миллӣ ҷашн мегиранд.

 

Кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сокинони бошарафи ин сарзамини муқаддас, бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намуда, бо фаъолияти намунавори хизматӣ дар рушду нумӯъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳми босазо мегузоранд.

 

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чоп намудан E-mail

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмияти ҳуқуқӣ дароварда шудаанд. Ин санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.

 

Конститутсияи соли 1994 маҳсули зеҳнии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он тариқи райпурсии умумихалқӣ муҳокима ва қабул карда шудааст. Тақдирсоз будани Конститутсияро дарк намуда, Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудан, бевосита ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси комиссияи конститутсионӣ машғул гардиданд ва новобаста аз вазъи ногувори сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешрафта, аъзоёни комиссияро ба давлатҳои гуногуни мутараққӣ фиристоданд. Комиссия таи ду соли мураттабсозии лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омӯхта, лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Таклифу пешниҳодҳои мардуми шарифи Тоҷикистон имконият дод, ки лоиҳа манзури рӯзи гузаронидани райпурсӣ карда шавад. Дар байни аъзоёни комиссия оид ба идоракунии президентӣ ва парлумонӣ баҳсҳои гуногун вуҷуд доштанд ва ниҳоят шакли идоракунии президентӣ пазируфта шуд, ки мо самараи онро ҳамарӯза эҳсос мекунем.

 

Ҳанӯз соли 1993 бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буд, ки «мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ аст». Ин суханҳои пешгӯинамудаи Сарвари давлат баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 1994) ба қисми таркибии ин санади сарнавиштсоз ворид гардид ва дар муддати кӯтоҳи таърих самараи худро нишон дод.

 

6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фархунда ва фаромӯшнашаванда мебошад, чунки дар ин рӯз ду зуҳуроти муҳим ва тақдирсоз - қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин ду воқеаи сиёсӣ дар давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав ба шумор мераванд. Халқи тоҷик тавонист дар он марҳилаи ҳассос шахси ботаҳаммул, хоксор, пурзаковату хирадмандро сарвари давлати худ интихоб намояд.

 

Ба хизматҳои барои халқ иҷронамудаи Президенти ҷумҳурӣ, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мо шоҳидем, ки он ба таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад.

 

Конститутсия низ ҳамчун санади қувваи олии ҳуқуқидошта самтҳои асосии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуда, бо ёрии он мо тавонистем миллати тоҷикро аз парокандагиҳо эмин нигоҳ дошта, давлати мутамаркази ҳуқуқбунёду муосирро бунёд намоем ва алангаи оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хомӯш созем.

 

Бо дарназардошти муҳимияти ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми саодатманди кишвари соҳибистиқлоли мо, ҳар сол 6-ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

 

Таърих гувоҳ аст, ки Конститутсия барои инкишофи босуръати давлатҳои абарқудрати дунё заминаи ҳуқуқии боэътимод гузоштааст. Аз ҷумла, Конститутсияи Амрико соли 1787 ва Фаронса соли 1791 таърихи тулонӣ дошта, инқилоби буржуазӣ сабаби асосии қабули онҳо гардидааст. Ин санадҳои ҳуқуқӣ бо мутобиқгардонӣ ба талаботи ҷомеа ва давлат то ҳол амал мекунанд, ки аз муҳимият ва боэътимод буданашон шаҳодат медиҳад.

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ заминаҳои пайдоиш ва ташаккулёбии худро дорад. Дар марҳилаи рушди қонунгузории Тоҷикистон дар ҳайъати Иттифоқи Шӯравӣ чор маротиба Конститутсия (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978) қабул ва такмил ёфта буд.

 

Дар муқоиса бо конститутсияҳои замони Шӯравӣ Конститутсияи соли 1994 хусусиятҳои фарқкунанда ва афзалиятҳои зиёд дорад. Ин Конститутсия сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намудааст, барои такрор наёфтани вазифаҳои мақомоти давлатӣ таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шуд, Президенти мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони ҳалқи маҳаллӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия бо пурсиши иродаи халқ тариқи интихобот ва райпурсӣ муқаррар карда мешавад. Инчунин,  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Дар марҳилаи мавҷудияти Конститутсия 22 Кодекс ва зиёда аз 400 қонунҳои умумию соҳавӣ қабул карда шуданд, аз ҷумла Кодексҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, гумрук, андоз ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ қабулгардида, барои таъмини амният, сулҳу суботу оромии ҷомеа ва танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ саҳми сазовор гузоштанд.

 

Аз ин лиҳоз метавон зикр намуд, ки Конститутсияи амалкунанда орзуҳои ҳазорсолаи аҷдодони моро ҷомаи амал пӯшонид ва шукрона бояд кард, ки мо аз ин афзалиятҳо баҳравар ҳастем.

 

Се маротиба ворид шудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (солҳои 1999, 2003 ва 2016) шаҳодат аз он медиҳад, ки меъёрҳои он вобаста ба талаботи замон ва рушди давлатдории миллии тоҷикон такмил дода шуд. Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.

 

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои он шаҳодат медиҳанд, ки он яке аз конститутсияҳои асосии беҳтарини дунё маҳсуб меёбад. Бо шарофати замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ будани Конститутсия, Тоҷикистони соҳибистиқлолро зиёда аз 150 давлати дунё пазируфтаанд. Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 100 давлати дунё муносибатҳои дӯстона ва равобити дипломатӣ дошта, аъзои зиёда аз 50 ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад. Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд.

 

Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.

Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.

 

Рӯзӣ Конститутстяи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад , ҳамватанони азиз!

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чоп намудан E-mail

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА НИГАҲДОШТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҳамасола санаи 5-уми октябр дар тамоми қаламрави Ватани азизамон Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидани ин санаи муборак барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу мартабаи забони давлатӣ - забони модарии мо нақши муҳим дорад. Зеро дарки зарурати забони тоҷикӣ чун нахустомили бунёд дар пойдории давлати миллӣ ба умқи ҳастии ҳар як фарди бедордили тоҷик бояд расад.

 

Бебаҳотарин ва нодиртарин забони бостонии давлатдорӣ ва адабиёти бадеӣ, илму ҳикмати азалӣ дар таърихи олами башарӣ забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Он азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро бо тамоми шоистагиаш ба олами асримиёнагӣ муаррифӣ кард.

 

Шиносномае, ки халқу миллат ва фарҳангу тамадуни онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, маҳз забони ӯст. Забони тоҷикӣ аз қадимулайём дар ҷаҳон густариши васеъ дошта, забони илму адаб, фарҳангу санъат, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии бисёр сулолаҳои бонуфуз ва давлатҳои абарқудрат дар ҳудуди  Осиёи Марказӣ ва то Ҳиндустон буд.

 

Забони тоҷикии дарӣ чун шиносномаи Сомониёни тоҷикзабон, дар арсаи сиёсат, давлату давлатдорӣ, фарҳанг ва маънавиёти тоҷикон дар таърихи башарият азамату шукӯҳи давлатдорӣ ва фарҳанги беназири тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ кард.

Забони тоҷикии дарӣ ба ҳайси забони расмии давлати абарқудрати Сомониён ҳамчун забони байналмилалии ҷаҳони асримиёнагӣ зиёда аз ҳазор сол Шарқи маънавиманишро бо Ғарби моддигаро мепайваст ва асрҳо чун забони кории Роҳи Абрешим хизмат намуда, он рисолати забони муоширати байналмилалиро ба ҷо меовард, ки дар ҷаҳони муосир забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ ва арабӣ ба дӯш доранд.

 

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ, ки аҳамияти мақом ва мартабаи забони миллиро дар ташаккули давлати миллӣ хеле хуб дарк мекард, бо шуҷоати том дар оғози даврони Шӯравӣ адабиёти оламшумули тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард ва китоби безаволи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро нашр намуда, овозаи тоҷикро ба гӯши оламиён расонид.

 

Муддате баъд фарзанди барӯманд ва фарзонаи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров асари камназири худ «Тоҷикон»-ро таълиф намуда, таърихи чандинҳазорсолаи тоҷиконро чун миллати куҳанбунёд ва бумии Осиёи Миёна ба ҷаҳониён шинос намуд.

 

Вақте масъалаи вуҷуд ва бақои минбаъдаи миллатро таърих дар охири асри ХХ мубрам гардонид, вориси алломагону фарзонагон Исмоили сонӣ ва сиёсатмадори нотакрори арсаи ҷаҳонӣ, Асосгузории сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози асри наву ҳазораи нав, яъне дар ибтидои ҷаҳони муосир зербинои давлати тоҷиконро асос гузошта, сулҳу Ваҳдати миллӣ ва сарҷамъиву амният ва суботи кишварро таъмин бахшиданд. Ин буд, ки миллати пошхӯрда сарҷамъу муттаҳид, давлати мустақили Тоҷикистони муосир эъмор гардида, ба як ҷумҳурии пешрафтаи аграрӣ ва саноатӣ мубаддал шуд.

 

Агар бузургони пешин, устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ба адабиёту таърихи пурфарозу оламгири тоҷикон арҷгузорӣ карда, онро ҳамчун мероси аслии миллат рӯнамоӣ карда бошанд, дар пайомади эшон, абармарди арсаи сиёсат, илм ва фарҳангу иқтисоди мустақил ва худогоҳи воқеии миллии тоҷикон – Пешвои миллат, нахуст ба Модар – Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ, ҳамчун ба Модар – сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт аҷргузорӣ карданд ва мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ дар байни зиёда аз 200 кишвари олам ва минҷумла, сайёра баланд бардоштанд. Ва чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои сарвари тоҷикони дунё аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои сатҳи сиёсиву фарҳангии башарӣ садо медиҳад.

 

То ба имрӯз бо қалами мубораку тафаккури камназири абармарди оламшумули муосири мо тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як идда асарҳои мондагору пурарзиш ва пурқимате ба табъ расонидаанд, ки ин амал бори дигар шаҳодатгари шахсияти нодиру нотакрор, дилогоҳу мутафаккир ва ҳакиму донишманд будани Пешвои муаззами миллат, далели собити азму иродаи қавӣ дар ҳифзи номус, ҳувият ва худогоҳии миллии мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони дунё, заҳматҳои холисонаи мавсуф ҳам бо сухан, ҳам бо қалам ва ҳам бо тафаккуру шуҷоат баҳри бедории андешаи хештаншиносии миллӣ мебошанд.

 

Ба масъалаи забон рӯй овардани Сарвари давлат бесабаб нест. Ва чуноне ки дар асари арзишманду бунёдии илмиашон “Забон ҳастии миллат” ишора намудаанд: «Бақои тоҷик, забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд».

 

Мояи ифтихору сарбаландии мо тоҷикони асри ХХI аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пуштибону ҳомии забон буда, онро ба ҳайси рукни асосии бинои ҳастии миллат ва дар баробари Модар ва Ватан аз ҷумлаи арзишмандтарин муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд, ки ин, пеш аз ҳама, ба рушду инкишоф ва устувор гардидани мақому манзалати забон дар ҷомеа гардида,  барои мо боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як фарди бедордилу соҳибзабон ва тамоми тоҷикзабонони дунё мебошад.

 

  Роҳбари давлати тоҷикон, Пешвои миллат, ки ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ҳамчун роҳбари хирадманду оқил, мушфиқу ғамхор ва мутафаккири арсаи илмиву сиёсӣ ва чеҳраи шинохташудаи байналмилалӣ дар тамоми олами муосир шинохта ва пазируфта шуданд, нисбат ба забони модарии хеш - забони тоҷикӣ муҳаббати беандоза доранд, ки  ин муҳаббат ва арҷгузориашон ба забон дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар ва берун аз он, аз ҷумла, дар тамоми ҳавзаҳои тоҷикнишини олам ва форсизабонони ҷаҳон эътироф шудааст. Таълифи асари калонҳаҷми дуҷилдаи беназири «Забони миллат – ҳастии миллат» ҳам натиҷаи муҳаббатҳои беандозаи Президенти маҳбуби кишвар нисбат ба забони модарӣ мебошад.

 

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат мақоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ таѓйир ёфт. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон Сарвари давлат онро ҳамчун як рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намудаанд, ки он аз азамату ҷалол ва иқтидору нерую тавоноии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Пешвои миллат дар таълифоти илмию таҳқиқотиашон, ба хусус, дар асари «Забони миллат – ҳастии миллат» муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳимми миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд.

 

Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат дар асари мазкур дар баробари баррасии масоили марбут ба забоншиносӣ доир ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ, давлатдории сулолаҳои гуногуни асрҳои мухталиф аз замони Ҳахоманишиён то Ғазнавиён (китоби якум) ва аз суқути Ғазнавиён то давлатдориҳои гуногуни ибтидои асри ХХ (китоби дуюм) маълумоти амиқи таърихиро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар он нуқтаҳо ва саҳифаҳои номакшуфи таърихи халқи тоҷикро баён намудаанд.

 

Ҳамчунин, Пешвои миллат дар китоби мазкур перомуни ҳаёт ва эҷодиёти адибони барҷастаи миллати тоҷик аз замонҳои қадим то ибтидои асри ХХ маълумоти муҳимми илмиро рӯйи кор овардаанд, ки он ба таҳлилҳои илман асоснок, бо диди нави академӣ ва усулҳои нави таҳқиқ аз дигар асарҳо фарқ мекунад. Китоби мазкур саҳифаҳои наверо доир ба ҳаёт ва фаъолияти адибони давраҳои гуногуни таърихи адабиётамон бозгӯ намуда, намунаи барҷастаи таҳлилҳои адабиётшиносӣ дар замони муосир ба шумор меравад. Ин китоб барои таърихнигорон, адабиётшиносон, забоншиносон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон манбаи муҳимми илмӣ ва барои аҳли илму маорифи кишвар воситаи беҳтарини таълимию тарбиявӣ ба ҳисоб меравад.

 

Забони адабии тоҷикӣ маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориву пуштибонии пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз муҳити хонавода ва муҳовараю муоширати маҳдуд берун омада, дубора ба ҳайси забони корбурди масоили давлатӣ, забони муошират дар муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин аст, ки дар даврони Истиқлол забони тоҷикӣ тавассути ин абармард борҳо аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Миллали Муттаҳид садо дод ва ин мояи ифтихори ҳар як сокини ватандӯсту забондӯсти Ватани азизамон Тоҷикистон аст. Ҳамзамон, садои забони тоҷикӣ дар тамоми ақсои олам танинандоз гардида, ба ҳайси як забони давлатӣ қудрату тавоноии худро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, илмиву маърифатӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҷилва овард.

 

Забони модарӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Забони модариро ҳамеша азизу гиромӣ ва пос доштан як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус аст.

 

Мусаллам аст, ки пас аз хомӯшӣ ва сукуту таҳаммули тӯлонии зиёда аз ҳазор сол хуршеди азамат ва ҷалолу шукӯҳи забони тоҷикӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ, ки дар аҳди Оли Сомон партавафишон буду нурҳои зиёбахши он аз Мағриб то ба Машриқ, аз Ироқу Аҷам то ба Чин ва аз Мовароуннаҳру Хуросон то ба Ҳинд равшангари маърифат ба шумор мерафт, боз бо фазилати қудуми мубораки абармарди замон, роҳбари хирадманди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тулӯи тоза кард.

 

Бигзор ин тулӯи хуршеди забон тулӯи беғурубу ҷовидона бошад ва ҳумои толеи ин миллату забон, дар каронаи фазои сиёсии ҷаҳон дар парвози бегазанд ва пуравҷ бошад.

 

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чоп намудан E-mail

НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР УСТУВОРИИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду такомули самтҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти ҷомеа, такмили арзишҳои аслии миллӣ ва суннатҳои маънавии мардуми тоҷик, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва низоми давлатдории кишвар  заминаи  мусоиди сиёсӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам овард.

 

Дар ин марҳилаи таърихсоз муайян кардани самтҳои асосии инкишофи ҷомеа, тарбияи наслҳои имрӯза дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва бад-ин василаву роҳҳои дигар таъмини истиқлолияти сиёсиву иқтисодиву фарҳангӣ аз вазифаҳои асоситарини на танҳо равшанфикрон ва аҳли зиё, балки ҳар фарди тоҷик маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён» фармудаанд: «Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ  тарбия намудан аст».

        

Вожаи истиқлол дар фарҳангҳои классикиву имрӯзаи тоҷикӣ дар таркибҳои гуногун ва ба маъниҳои мухталиф, аз ҷумла “озодӣ, худмухторӣ”, “озодӣ доштан, ба озодӣ коре кардан”, “бидуни мудохилаи касе кори худро идома додан” тафсир шудааст.

        

Дар замони навин ба шарофати заҳмату кӯшишҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон вожаи истиқлол муҷаддадан ба маънии асили худ истифода гардида, ифодагари истиқлолият ва озодии воқеии  кишвари азизи мо шудааст. 

 

Аввалин санади ҳуқуқие, ки Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон карда буд, Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ин санади арзишманд 24-уми августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 12-ум) қабул гардидааст. Дар моддаи 1-уми Эъломияи мазкур таърифи мафҳуми Истиқлолияти давлатӣ - "ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ" тафсир гардидааст. Нахустин бор андешаи фаъолияти мувозии ҳокимият ба шакли шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз баён гардидааст. Чунин таърифи истиқлолият ва шеваи ба роҳ мондани кори ҳокимият қадами муҳиме ба сӯйи мустақилияти комил буд.

 

Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶТ аз 9- уми сентябри соли 1991 қабул гардида, тавассути ин санад Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд.

 

Ба шарофати ин ҳуҷҷат санаи 9-уми сентябри соли 1991 Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст, ҳамзамон ин рӯз тибқи Қонун рӯзи истироҳат низ эълон гардидааст. Ҳар сол дар ин рӯзи муборак аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҷашни Истиқлолро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.

 

Маънии Истиқлолиятро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ шарҳ додаанд: "Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад".

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои рамзҳову рукнҳои давлатдорӣ аз қабили умумияти забон, ҳудуд, анъанаву фарҳанг ва иқтисодиёт ҳамҷояи миллати дорои тамаддуни оламшумул арзи ҳастӣ дорад. Тоҷикистони куҳанбунёди ҷавонбахт соҳиби рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ аз қабили Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, пойтахт ва пули миллӣ буда, яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин ба ҳисоб меравад, ки ин боиси ифтихори ватандории ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

 

Ба шарофати Истиқлолият дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун субъекти комилҳуқуқ нуфузу эътибори хосса дошта, аз ҷониби 179 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб узви Созмони Милали Муттаҳид буда, дар бештар аз 30 давлати хориҷӣ намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дорад ва дар ҳудуди кишвар намояндагиҳои дипломатии зиёда аз 25 кишвари хориҷӣ ва беш аз 20 ниҳодҳои тахассусии СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои ниҳодҳои байналмиллалии молиявӣ фаъолият доранд. Ин маълумот шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати соҳибистиқлол буда, роҳу равиши тараққиёт, самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян мекунад.

        

Истиқлоли воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди густурдаи бисёр самтҳои моддиву маънавии кишвари азизи мо такони қавӣ бахшида, барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ комилҳуқуқ ворид гардидани кишвари мо заминаҳои мусоид ва арзишманд фароҳам овард.

 

Яке аз шартҳои Истиқлоли воқеӣ таъмини низоми ҳуқуқии фаъолияти давлату ҷомеаи мутамаддин кишвар ба ҳисоб меравад. Эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти куллиро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва зарурати қабули Конститутсияи навро ба миён овард.

        

Бо мақсади таҳкими давлатдорӣ ҳамчун яке аз рукнҳои ҳокимият зарурат пеш омад, ки низоми ҳуқуқӣ таҳия ва такмил гардад ва он фарогири ҳамаи унсурҳои Истиқлоли воқеии давлат бошад. Дар робита ба ин дар раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон  - давлати тозабунёди тоҷикон қабул гардид, ки дар моддаи аввалини он соҳибистиқлол будани Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон ва таъкид гардидааст. Минбаъд  26 сентябри соли 1999,  22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

 

Тайғиру иловаҳое, ки ба Конститутсия бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ ворид гардиданд, барои истиқрори сулҳ, устувории пояҳои ваҳдати миллӣ, таъмини амният ва суботи ҷомеа, мушаххас намудани салоҳият ва самтҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ, мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ба санадҳои байналмиллалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, таккони ҷиддӣ бахшид.

 

Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз равандҳои муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт. Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат буд. Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон равона шуда буданд.

        

Дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ қабул шудани санадҳо “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро баъд аз Эъломияи соҳибистиқлолӣ аз (24-уми августи соли 1990) ва Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 9-уми сентябри соли 1991) ба марҳилаи нав ворид сохт.

 

Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлолият ба миён омад ин интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд. Расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои қабул ва амалӣ намудани санадҳои ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат доир ба ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овард.

 

Ба шарофати Истиқлоли кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намуданд. Пешвои миллат дар Муроҷиатномаи худ аз 12–уми декабри соли 1992 дар қатори вазифаҳои аввалиндараҷа ҳалли масъалаҳои муҳими зеринро ба миён гузоштанд:

 

“Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардош-ти меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан зарур аст”.

 

Дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 1994) қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои зерқонунӣ қабул гардида, пояҳои ҳуқуқии давлати миллиро мустаҳкам намуданд. Маҳз Конститутсия роҳи интихоби халқи Тоҷикистонро дар ҷодаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян ва мушаххас намуд, онро ба чорчӯбаи қонун даровард ва Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

 

Яке аз дастовардҳои даврони Истиқлоли воқеӣ бо мақсади таҳкими сутунҳои ҳокимият ҳосил кардани боварӣ ва эътиқоду эътимоди мардум ба низоми давлатдорӣ мебошад.

Бо ин мақсад бо иродаи сиёсии Президенти кишвар  муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати ҷумҳурӣ эълон гардид.

 

Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд. Дар ин росто фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.

        

Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. Дар навбати худ 9 декабри ҳамон сол дар шаҳри Меридаи Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи олӣ маросими баимзорасонии ин санади муҳим баргузор гардид. Зимни ин ҳамоиш бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» дар тамоми ҷаҳон эълон карда шуд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷати мазкур 25 сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16 апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Аз ин рӯ, тибқи муқаррароти моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкур, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар буда, қонунҳои амалкунанда бояд мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида шаванд.

 

Бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он дар заминаи Конвенсияи зикршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, давра ба давра заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти он ташкил  ва роҳу усулҳои мубориза бо ин падидаи номатлуб такмил ёфт. Бо ин мақсад, санадҳои муҳими ин самт, аз он ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020 қабул ва  “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақша-чорабиниҳои амалисозии он” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ карда шуд.

 

Яке аз самтҳое, ки барои рушди ҳаматарафаи он Истиқлоли миллии мо шароит фароҳам овард, ҳувияти миллӣ ва рушди забони давлатӣ мебошад. Истиқлоли миллӣ барои побарҷову устувор  ва поянда доштани бинои ҳастии миллат – забони тоҷикӣ шароит ва имконоти беҳтарин муҳайё намуд. Дар даврони Истиқлол забони тоҷикӣ чун забони миллӣ ҷойгоҳи бузурги расмиву давлатӣ дарёфт намуда, дар ҳама самту соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба шакли пурвусъат истифода мегардад. Истиқлоли давлатӣ шароит ба миён овард, ки амалкарди забони давлатӣ дар ҳама ҷанбаҳо таъмин гардад ва ташаккули истилоҳоти ин соҳаҳо бо суръати баланду сифати хуб арзи вуҷуд намояд.

 

Зери партаву ҳимояти Истиқлоли миллӣ кишвари мо тавонист ба таърихи миллат, ба фарзандони бузурги миллати тоҷик ва осори онҳо, ба сарвати ҳазорсолаи маънавӣ ва ғайримоддии миллат таваҷҷуҳи хосса равона намояд.

 

Дар баробари осори садҳо олимону муҳаққиқони дигар дар ин росто асарҳои бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Чеҳраҳои мондагор” ва ғайраро номбар кардан мумкин аст, ки барои боло бурдани мақому эътибори миллати куҳанбунёду ҷавонбахти мо нақши нотакрор ва оламшумул гузоштаанд.

 

Ҷилди аввали пажӯҳиши густурдаву амиқ ба шакли асари ҷолибу пурбори “Забони миллат – ҳастии миллат” бо номи “Ба сӯйи пояндагӣ” масъалаҳои муҳимтарини пайдоиш ва рушду такомули забони миллии моро дар дарозои таърих то давраи корбурди он дар аҳди Ғӯриён ва Хоразмшоҳиён  фаро гирифтааст. Дар ин ҷилд бо як возеҳиву равонӣ мақоми миллату забони мо дар муҳиту фарҳанги ориёӣ, масъалаҳои муҳимтарини точикшиносӣ аз қабили сайри таърихӣ ва тафсири лексикографии вожаи “тоҷик”, хостгоҳ ва ҷойгоҳи забони адабии тоҷикӣ, тавлиду рушди он дар замону макон мавриди таҳлилу тафсири ҳамаҷонибаву далелнок қарор гирифтааст. 

 

Аз мулоҳизарониҳои муҳаққиқи муътабари забони миллии мо Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки забон ба иловаи рисолати миллатсозии хеш он арзиши иҷтимоиест, ки дар бунёди фарҳангу тамаддуни миллат, дар ташаккули худшиносӣ, дар пайдоиш ва рушди давлатдории миллӣ нақши умдаву нотакрореро мебозад. Нақши забони адабии миллӣ  ҳамчун нишонаи асосии миллат дар он низ зоҳир мегардад, ки яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ буда, арзишҳои бунёдии онро дар мисоли ваҳдат, ягонагӣ ва умумияти миллӣ фароҳам месозад. Ин ҳама эътибору эътиқод ба забони милливу давлатӣ – ба забони тоҷикӣ ба шарофати Истиқлоли воқеии давлатӣ муяссар гардид, ки мо бояд ин падидаро чун гавҳари ноёб ҳифзу нигаҳдорӣ кунем.

 

Ба шарофати Истиқлоли миллӣ моҳи октябри соли 2009 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар таърихи 5 октябри соли 2009 навбати дуввуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар таҳрири нав ба тасвиб расид, ки дар заминаи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, доираи истифода ва дурнамои рушди забони давлатиро дар шароити навгониҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар дохилу хориҷи кишвар муқаррар менамояд.

 

Бо ташаббусу кӯшишҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон 28-уми ноябри с. 2020, таҳти рақами 647 Барномаи рушди забони давлатии ҶТ барои солҳои 2020-2030 тасвиб гардид. Дар доираи ин Барномаи муҳим арҷгузории воқеӣ ба забони давлатӣ, ба сарвати забонии миллат ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ сурат гирифта, эҳёи дубораи номҳои таърихиву ҷуғрофӣ ва боло бурдани маданияти номгузории аҳли кишвар ба миён омадааст.

 

Таъсир ва самараи истиқлоли давлатиро ба фарҳангу забони миллӣ мо ба шакли зерин баён карда метавонем:

 

Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт ва ҷойгоҳи воқеии худро дар ҳамаи идораю вазоратҳо,  корхонаю муассисаҳои кишвар ва дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа пайдо намуд.

 

Дар даврони Истиқлоли миллӣ забони тоҷикӣ ба сифати забони мақомоти қудратӣ ва неруҳои мусаллаҳи кишвар пазируфта шуд ва иҷрои ҳама расмиёт ва машқҳои низомӣ ба ин забон ба роҳ монда шуд.

 

Забони тоҷикӣ дар  кишвар мақоми забони илмро дарёфт намуд, ки аз ин падида таъсиси Комисияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони расмии таҳқиқоти илмӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, забони таълиму тадрис будани забони миллӣ,  таълифу дифои рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ гувоҳӣ медиҳад.

 

Бо дастгирии хосаи роҳбарияти кишвар беэътиноӣ ва бетафовутӣ нисбат ба забони тоҷикӣ комилан аз байн рафт, ки дар даврони шуравӣ ба мушоҳида мерасид, забони давлатӣ дар байни сокинони ғайритоҷики кишвар низ мавриди омӯзиш ва эҳтиром қарор гирифт, китобҳои дарсии омӯзиши забони давлатӣ ба забонҳои русӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ таҳия ва нашр гардиданд.

 

Забони таълифи  асарҳои бадеӣ, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар гардид ва лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳоти мамлакат бештар симои тоҷикона гирифтанд.

 

Номҳои аслии таърихӣ ва ҷуғрофӣ, ки дар умқи таърихи забони мо реша доранд ва бар асари сиёсатҳои давр ё тағйири макон кардани қавму қабилаҳои саҳронишини кӯчӣ дигар шудаанд, дубора эҳё гардиданд, ки дар роҳи рушду таҳкими забон ва бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии миллии мо аҳамияти бузург дорад.

 

Забони тоҷикӣ дар давоми 32 соли Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид ва бори дигар асоси ҳастӣ ва пойдории миллат будани забонро хеле хуб исбот намуд.

 

Баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ баҳри бузургдошти фарзандони бузурги миллат бо ҷалби олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ низ дастоварди азими даврони Истиқлол ба шумор меравад. Ин ҷашнҳо гӯяндаи он ҳастанд, ки насли муосир чунин таърихи воло ва аҷдодони барӯманд дорад.  Ҳамзамон, ин иқдомот омили тақвиятбахши истиқлоли миллӣ ва ваҳдати кишвар, ҳамгироии шаҳрвандон дар зери парчами давлати мустақил бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошанд.

 

Замони Истиқлоли воқеӣ ва бунёди давлати миллӣ даврони рушду устувории забони тоҷикӣ маҳсуб мегардад, ки дар ин падида нақши   Истиқлоли миллӣ, заҳмату кӯшишҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон муассир ва самаранок арзёбӣ мегардад. 

 

Агар ба гузаштаи пурарзишамон бингарем, мебинем, ки бузургони мо барои равнақу инкишофи фарҳанги миллӣ ва забони модарии худ садоқату сарсупурдагӣ зоҳир карда, бо иқтидомҳои босамару пайваста тадриҷан забони хешро ба пояи забони расмӣ ва давлатӣ баровардаанд.

 

Асарҳои бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Чеҳраҳои мондагор” намунаи зебои садоқат ба миллату ватан ва таъриху арзишҳои он мебошад, ки намунаи беҳтарин аст ба ҷавонону наврасони кишвар. Дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” Пешвои миллат қайд кардаанд, ки “Ман аз саҳифаҳои куҳани таърихи диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гард чанги асрҳо нақши гузаштаро меҷӯям”. Таваҷҷуҳ ба мавзеъ ва фарҳангҳои бостонӣ аз қабили ҳафриёти Саразм, ковишҳои бостонӣ дар Қалъаи Мир, Кайқубодшоҳ, Тахти Қубод, Тахти Сангин, Қалъаи Ҳулбук, Хазинаи Амударё ва даҳҳо мавзеъҳои дигар  ишорат бар он мекунад, ки миллати мо соҳиби фарҳангу таърихи сарватмандтарин буда,  ҳуқуқи комили маънавӣ дорад, ки бо миллатҳои мутамаддини ҷаҳон ҳамқадаму ҳамовоз дар хатсайри ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад. Ин ҳама иқдоми миллатпарваронаву ватандӯстона танҳо ба шарофати Истиқлоли миллӣ муяссар гардидааст.

 

Арҷгузорӣ ва эътирофи шахсиятҳои милливу таърихиву динӣ дар робита бо фарҳангу рӯзгори миллату кишварамон самти дигари рушду интишори арзишҳои маънавист, ки дар партави Истиқлоли миллӣ ва муносибати хирадмандонаи роҳбарияти мамлакат ба ғановати моддиву маънавии миллати куҳанбунёди мо имконпазир гаштааст.

 

Дар асари бунёдии “Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” Пешвои миллат ҳамчун муаррихи нуқтасанҷ баён кардаанд, ки китоби бостонии аҷдодони мо «Авасто» дар зиндагии ҳамарӯзаи гузаштагони мо ҳамчун раҳнамои муҳим барои тамоми табақаҳои ҷомеа – давлатдорону сиёсиён, ҳунармандону косибон, сарлашкарону сипоҳиён, подшоҳону тоҷварон, маъбудону коҳинон хизмати арзандаро иҷро мекард. Ба андешаи Пешвои миллат мазмуни баланд, арзиши тарбиявиву ахлоқии ин китоб буд заминаи ҷовидонӣ ва пойдории он гардидааст. Воқеан қисматҳои боқимондаи «Авасто» аз камолоти фарҳангу маънавиёти аҷдодамон дар давраҳои кадим шаҳодат медиҳад. Махсусан, дар қисмати қадимтарини он-«Готҳо» давраи ба зиндагии муқимӣ, густариши пешаи деҳқонӣ, ривоҷ ёфтани кишоварзӣ, ободонии манзил, ҳифз намудани шаҳр ва ғайра инъикос ёфтаанд. Аз мисолҳои фаровони дар асар овардашуда маълум мегардад, ки аҷдоди тоҷикон соҳиби донишу маърифати пешрафта буданд, ки он ба халқҳои Аврупо ва Осиё илҳом бахшидааст.

 

Пешвои миллат дар ин китоб  дар баробари зикри нахустин рисолати таърихии Зардушт оид ба дигар хидматҳои ӯ сухан мекунанд, ки дар таърихи башарият аз назари тарбияи ахлоқӣ таъсири бузург расонидааст. Ин арзишҳои ахлоқиро таҳти шиори «рафтори нек, кирдори нек ва гуфтори нек» ниёгони мо роҳхати зиндагӣ ва оини ҳамешагии пайравони хеш қарор доданд, ки тавзеҳу интишори ин ҳам имрӯз танҳо ба шарофати Истиқлол имконпазир гаштааст.

 

Истиқлоли воқеии кишвари мо замина эҷод кардааст, ки ҷомеаи миллиамон роҷеъ ба бузургони хеш омӯзишу таҳқиқоти бунёдӣ ба амал бароварад. Асари маъруфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон  бо номи “Чеҳраҳои мондагор” зодаи Истиқлол ва аз зумраи чунин осор аст. Китоби мазкур ифодагари таърихи пурғановати тоҷик буда, муаллиф дар бораи ҳаёт ва фаъолият, ҳамчунин фидокориву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи хеш пажӯҳишҳои дилчаспу муҳим анҷом дода, дар ниҳоди ҷавонони Ватан эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандориро такмил медиҳад. Ин асар чун туҳфаи Пешвои миллат ба муносибати  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори дигар собит месозад, ки эътиқоду эътимоди сарвари кишвар ба таърих, адабиёт ва фарҳанг беандоза аст.

 

«Чеҳраҳои мондагор» зиндагинома ва корномаи симоҳои барҷастаи миллат, таърихномаи корнамоиҳо ва сарфарозиҳои халқи тоҷик, баёнгари фарҳанг ва тамаддуни шашҳазорсолаи тоҷикон аст.

 

Ин асари мондагор натиҷаи омӯзиш, мушоҳидаҳо ва хулосаҳои саҳеҳи илмии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар бораи таърих, тамаддун, нақши шахсиятҳо дар таърих  ва роҳҳои бардошти сабақи таърихӣ барои имрӯзиён ва фардоиён мебошад. «Чеҳраи мондагор» беҳтарин намунаи осори таърихӣ, аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва сабку услуб ва шеваи таҳқиқ аст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин китоб 25 чеҳраи маъруфи тамаддуни оламро дар робита бо фарҳангу таърихи миллати бузурги тоҷик муаррифӣ карданд. Аксарияти онҳо шахсиятҳои барҷастае мебошанд ва дар сарнавишти башарият ё миллати сарбаланди тоҷик таъсири бузург гузоштаанд. Ба ҷумлаи қаҳрамонони ин асари бунёдӣ шахсиятҳои миқёси ҷаҳонӣ Куруши Кабир - бунёдгузори давлатдории мутамаддин, шаҳаншоҳи нахустин империяи мутамаддини Ориёӣ – Хоҳманишинҳо; Спитамен -  парчамбардори  ҷодаи озодиву истиқлол, Зардушт - паёмбари ойини ростин, шахсияти дар таърихи афкори маънавии инсоният бузургу ҷозибанок аст;  Монӣ - асосгузори таълимоти динию фалсафии монавия; Маздак - пешвои мардумдӯсти Эрони бостон; Муҳаммад (с). бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари барҳақ; Имоми Аъзам - асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳамулгарои ҳанафи; Исмоили Сомонӣ - абармарди хирад ва сиёсат, асосгузори давлати Сомониён; Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - қофиласолори адабиёти  тоҷику форс, поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ; Абулқосим Фирдавсӣ - ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад; Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино - мутафаккири абадзинда,  бузургтарин файласуф, олим ва табиби тоҷик; Ҳаким Носири Хисрави Қубодиёнӣ- суханвари бузург ва андешавар; Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ - пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо; Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - таблиғгари фарҳанги сулҳ; Камоли Хуҷандӣ – шоири бузург; Абдураҳмони Ҷомӣ - пешвои аҳли илму адаби Мовароуннаҳру Хуросон; Мирзо Абдулқодири Бедил - нобиғаи шеъру маънӣ; Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ - суханвари номвари тоҷик; Садриддин Айнӣ - нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик; Нусратулло Махсум - ҷонфидои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон;  Шириншо Шотемур – равшангари бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон;  Бобоҷон Ғафуров - Фарзанди фарзонаи миллат, Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ,  Қаҳрамони Тоҷикистон; Мирзо Турсунзода. Сарояндаи сулҳу дӯстӣ, шоири бузург ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ,  Қаҳрамони Тоҷикистон ва Сотим Улуғзода - нигорандаи таърихи пурфоҷиаи халқи тоҷик дохил мешаванд.

 

Ба шарофати Истиқлоли кишвар барои ҳифзи иқтисодиёт, асъори давлатӣ, марз, фарҳанг, илм ва дигар бахшҳои соҳаи ҳаёти ҷомеа шароити хуб фароҳам омад. Дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ манфиатҳои қариб ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба инобат гирифта шудааст, адолати иҷтимоӣ ва шароити рушди ҷисмониву маънавӣ барои ҳама аъзои ҷомеа фароҳам гардид.

 

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати бақои давлат ва зиндагони осудаву таъмини шаҳрвандони кишвари азизамон гардидааст.

 

Поянда бод Истиқлолияти давлату кишвари бостонии тоҷикон!

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ