Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварад ва садди роҳи коррупсия гирифта шавад.
Дар навбати худ, кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҳифзи манфиати давлат ва ҷомеа ҷидду ҷаҳд намуда, баҳри решакан намудани ин падидаи зиддиарзишӣ аз тамоми имкониятҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.
Албатта яке аз рамзи давлатдории мо ин Конститутсия мебошад, ки мардуми шарифи тоҷик дар асоси рукнҳои он амал менамояд. Ҳама он санаду фармонҳо дар асоси Конститутсия аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал ҷорӣ карда мешавад. Конститутсия ин «Шоҳсутун» ва «Шиноснома»-и давлат мебошад. Конститутсия аз истилоҳи лотинӣ «constitutio» гирифта шуда, маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дорад.
Конститутсия ин шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода мебошад. Ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, ба он 3 маротиба солҳои 1999, 2003 ва 2016 таѓйиру иловаҳо ворид гардидаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии ҷамъият ва давлат, хусусият, сохтор ва таркиби давлат, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, асоси иқтисодии давлат, самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии он, соҳибихтиёрии халқ, тақсимнашаванда ва дахлнопазирии марзи давлатӣ, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъият, таҷзияи ҳокимияти давлатиро муқаррар намуда, як қатор муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиву давлатиро ба танзим даровардааст.
Дар таърихи кишвари мо панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки он марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекард. Қабули Қонуни асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлолият ба шумор рафта, рӯйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт. Ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар дар роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст. Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи нави он асос гардид. Дар он хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардиданд.
Бо ифтихор метавон иброз дошт, ки дар кишвари мо забони давлатӣ таҳти сарпарастӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба хотири ҳимоя ва рушди фарогири он соли 2009 бо пешниҳоди Президенти кишвар лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод ва қабул гардид.
Фаромӯш набояд кард, ки одобу ахлоқ, маданият, пеш аз ҳама, аз фасоҳати забон ва муоширати нек оғоз меёбад. Дар баробари ин, ҳурмати забон иззати модар ва Ватан аст ва инчунин, ифтихори давлату миллат мебошад.