ПАРЧАМ - РАМЗИ ҒУРУРУ ҶАВОНМАРДӢ

 Мардуми сарбаланду хуштолеи тоҷик аз соли 2009-ум инҷониб ҳамасола санаи «24 – ноябр»-ро дар фазои ободу осудаи Тоҷикистони соҳибисиқлол бо як суруру шодмонӣ ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн мегиранд.

 

 Зеро гиромидошт ва арҷгузорӣ ба «Парчами миллӣ» барои ҳар як давлату миллат нишонаи эҳсоси волои ифтихори миллӣ, муҳаббати баланди ватандорӣ, садоқат нисбат ба арзишҳои маънавии ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад.

 

 Хуш ба ҳоли ҳар халқияту миллате, ки «Парчами давлатӣ» дорад ва месазад, ки мо имрӯз ҷиҳати ифтихори парчамдорӣ дар гиромиву муқаддас доштани он шукргузор бошем ва дар назди имону виҷдон, Ватану Пешвои муаззами миллати хеш, ки воқеан дар бунёди пойдевори тамоми рукнҳои Ватану ватандории навини мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои шоиста анҷом додаанд,  вазифадору уҳдадор бошем.

 

 Албатта, вақте ҷанбаи ахлоқии падидаи парчамдорӣ таҳқиқ мегардад, зеҳни мо бояд дарк кунад, ки  Парчам ин матои оддӣ нест ва набояд назари мо ба ин матои муқаддас бидуни арҷгузорӣ бошад.

 

 Падари ахлоқи башарият Шайх Саъдии Шерозӣ бо ишора ба ҳамин мазмун, ки сабаби арзиш пайдо кардани матоъро баён мекунад, фармудаанд, ки:

 

Ҷомаи Каъбаро, ки мебӯсанд,

Ӯ на аз кирми пилла номӣ шуд.

Бо азизе нишаст рӯзе чанд,

Лоҷарам ҳамчу ӯ гиромӣ шуд.

 

 

 Пас, муқаддас донистану гиромӣ доштани Парчам ва аз ҷониби сарварону афсарон сари зону истода бӯса кардану ба чашм молиш додани он ва дар рӯи мизу болои сар, дар боми бинову қуллаҳои осмонбӯс ҷойгоҳу манзалат додан ба Парчам, ин на аз он хотир аст, ки матои он аз абрешим бофта шудаву дар он рангҳои зебо нақш баста шудааст.

 

 Бубинед, ки ҳар як ваҷаби хоки Ватан барои мо муқаддас аст, вале ба муқаддастарини онҳо муқаддасотро, аз қабили  Сарқонуну Забон, Нишону Сарҳади давлатӣ, Пули милливу Пойтахти Тоҷикистон, Суруди милливу Пачами давлатӣ,  шомил донистаанд.

 

 Аҷиб аст, ки тамоми муқаддасоти эътирофкардаи мо дар худ як нақшу нишони Парчамро дорад ё худ агар надошта бошад, номи Парчамро дар худ сабт кардааст. Ҳатто Суруди миллӣ нидо ба Ватан мекунад, ки: - «Ба зери Парчами ту саф кашидаем, кашидаем…»

 Вале агар бо чашми сар ба Парчами давлатӣ назар афганем, дар он ба истиснои се ранг, яъне сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора, нақше ё навиштаҷоте аз муқаддасоти дигари миллӣ ҷой дода нашудааст ва мо  аз онҳо нишоне дар Парчам дида наметавонем.

 

 

 Аммо шоире фармуда, ки :

 

Ранги Парчам бину нек андеша кун,

Лаҳзае худро даруни беша кун.

Чашми ботин баркушо то ки дар он,

Оламе ҳар рангро бинӣ аён.

 

 

 Ин сухани шоир водор месозад, ки мо ба Парчам бо чашми хирад бояд нигоҳ кунем, то дар он  ҳазор ҳикмат ва таҷаллии симои Ватан бо тамоми ҳастӣ намудор гардад. Ин гуфта ғалат набояд бошад, ки дар ин матои муқаддас  Ватани ҳар яки мову Шумо маҳфуз аст ва бо Парчам ҳар арҷгузорие, ки мекунем, дониста бошем, ки онро барои Ватан ва барои Модари худ хоҳем кард.

 

 Агар ба як нуктаи хурди ранги сурхи Парчами давлатиамон бо чашми фаросат назар дӯзем, ҷоннисории як ҷавонмард барои Ватан ҳазор адабро дар вуҷуди мо ҳувайдо мекунад.

 

 Воқеан вақте дар он чуқуртар ғӯта занем тақдири минбаъдаи падару модар, завҷа ва фарзандони ятими ӯ… моро соатҳо ба андеша мебарад.

 

 Мегӯянд, ки вақте хок бо об омехта гардид, он гил мешавад, вале набояд фаромӯш кард, ки агар хок бо хун омехта шавад, онро Ватан ном мебаранд, фарқе надорад, ки он хуни нофи мост ё хуни дил, ки барои ҳимоя ва ҳифзи он рехта шудааст.

 

 Ватанро аз он хотир Модар гуфтаанд, ки модарони мо бо қуввати нону оби ҳамин Ватан моро шир доданд, мисли Модар мо дар бағалу оғӯши Ватан, дар амнияту субот ба воя расидем ва этимоди мо бояд комил бошад, ки агар Ватан Модар бошад, пас ягон Модар фарзанди худро ба ҳеҷ ваҷҳ тарк накардааст ва нахоҳад кард.

 

 Ҳадиси таъкидии Паёмбари Ислом низ чунин аст, ки :- «Ватани худро сидқан дӯст доред, аз сарварону подшоҳони худ итоат намоед, онҳоро мисли фарзанде, ки бист сол падари худро надидааст дӯст доред, бидонед, ки дӯст доштани Ватан аз имон аст.».

 

Гуфт Пайғамбар Худош имон надод,

Гар набошад ҳубби Меҳан дар ниҳод.

 

 

 Аз ин рӯ, аз мо тақозо мешавад, ки ба хизмати Ватан-Модар бо сари таъзим ва даст болои сина камари ҳиммат бандем, то қарзи худро дар назди Ватану Модар андаке бошад ҳам, адо карда бошем.

 

 Таърих гувоҳ аст, ки ҷавонмардон мисли писари Абдуллоҳи Муборак, Наҷмиддини Кубаро, Фаридуддин ва чандин нафарони дигар ба Парчами давлату миллати худ арҷгузор буданд ва арзиши онро аз равони худ болотар гузоштаанд.

 

 Нақл аст, ки писари Абдуллоҳи Муборак нобино буд, вале вақте душман ба хоки Ватани ӯ ҳуҷум кард, ба назди сарлашкар рафт ва хоҳиш намуд, ки ӯро барои ҷанги душман ҳамроҳ гиранд. Сараввал сарлашкар розӣ нашуд, вале баъди боисрор талаб кардани ӯ ба дасташ Парчам дод ва таъкид кард, ки Парчамро аз даст наяфтонад, то ки рӯҳи лашкар мабодо аз афтодани Парчам шикаста гардад.

 

 Мегӯянд, ки вақте муҳориба ба поён расид нигоҳ карданд, ки Парчамро писари Абдуллоҳи Муборак ҳамоно рост нигоҳ медорад. Вале вақте назди ӯ рафта нигоҳ карданд, дар бадани ӯ 23 тир халида буд ва Парчам дар такяи ҷасади ӯ рост меистод.

 

 Ё худ бобати Наҷмиддини Кубаро нақл овардаанд, ки ӯ дар ҷанги муғул парчамбардори лашкири Бухоро буд. Вақте захмӣ шуд, барои ба замин наафтодани Парчам, то ки рӯҳи лашкар нашканад, онро бо дандонҳои худ боло нигоҳ медошт. 

 

 Ҳамзамон овардаанд, ки ҷасади парчамбардор Фаридуддинро вақте баъди яке аз муҳорибаҳо бар  муқобили муғул дарёфтанд, парчам дар дасти ӯ буд, вале барои аз дасти ҷасади Фаридуддин гирифтани он, пояи Парчамро буриданд.

 

 Хуш ба ҳоли мо, ки насли чунин абармардони таърихӣ ҳастем ва беҳуда Сарвару Раҳнамои мо, Пешвои муаззами миллати точикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро барои хондани китоб ва донистани таърихи худ якмаром талқин намекунанд.

 

 Равоншиносон ба он ақидаанд, ки инсоният бо ду сифат халқ карда мешавад, якум хуб ва дуюм беҳтар, яъне табиатан башарият бад офарида нашудааст.

 

 Илова кардаанд, ки инсон вақте ба дунё меояд, бисту шаш фисад гени аҷдоди падарӣ ва бисту шаш фисади дигар аз гени аҷдоди модариашро аллакай дар вуҷуд дорад ва то синни 7 солагӣ 70-75 фоизи шахсияти кӯдак сохта мешавад.

 

 Ишора ба ин тадқиқоти илмӣ воқеият он аст, ки падару модарони мо эҳтирому қадршиносии ҳар яки моро ба нону дастурхон, муносибат бо калонсолон ва гиромидошти китобҳои муқаддасе, ки имрӯз дар хонадони ҳар як фарди тоҷик нигоҳ дошта мешавад, бо сад фасонаву ҳақиқат то синни 7 солагӣ дар вуҷуди мо ҷой кардаанд ва шахсияти моро дар муносибат ба онҳо, то ки муқаддасашон шуморем, сохтаанд.

 

 Аз ин рӯ, хуб мебуд агар мо дар қатори муқаддасоти хонаводагӣ Парчами худро низ дар хонаҳои худ нигоҳ медоштем ва фарзанду наберагони худро аз олами маҳфузи ин муқаддасот то ба синни 7 солагӣ огоҳ мекардему онҳоро меомӯзонидем.

 

 То ки муҳаббати Парчам дар қалби онҳо чунон нақш бандад, ки агар Парчамро ба замин афтонанд, онро бардошта ба рӯяш бӯса зананд ва ба чашми худ молида дар ҷойгоҳаш гузоранд ва ҳатто ҳангоми партофтани рахти хоб агар пояшон сӯйи Парчам бошад, дар вуҷудашон ҳароси арҷногузорӣ ба Парчами Ватан афтад.

 

 Зеро муҳаббат ба Парчам - муҳаббат ба Ватан ва тамоми муқаддасоти он аст ва ба қавли ин байти маъмул мо бояд донем ва набояд фаромӯш созем, ки:

 

Оҳан ба ҳазор тофтан зар нашавад,

Сад нома барад зоғ кабӯтар нашавад.

Хоке, ки дар он гавҳару тилло рӯяд,

Бо хоки Ватан ҳеҷ баробар нашавад.

 

 Дар фароварди овардаҳо, бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо - ҳамкасбон ва ҳамватанони азизро бо ин санаи муборак, ки воқеан ҷашн гирифтани он барои ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст арзанда аст, яъне «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику муборакбод мегӯем ва ба ҳар яки Шумо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем, бигзор Парчами мо дар осмони софи Ватани азизамон дар муҳити осудаву обод аз таъсири боди сабои ғунчакушо то абад болафшонӣ кунад.

 

Аъзои Комиссия оид ба

одоби корманди Агентӣ,

полковники адлия - Расулӣ Б.              

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ