Парчам – рамзи садоқат ва истиқлолияти миллӣ

 Ҳамасола мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик рӯзи 24-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд, зеро маҳз дар ҳамин сана миллати тоҷик ва мардуми саодатманди мамлакат Парчами давлатӣ– шоҳсутуни давлатдориро қабул карда, чун муқаддасоти миллӣ онро пос медоранд ва барои баланд бардоштани он пайваста талошҳои хастанопазир менамоянд. Дар воқеъ Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифодакунандаи орзуву ормонҳои тамоми мардуми тоҷик, ғурури миллӣ ва ору номуси ватандорӣ, ифода гардида намои дурахшон ва оинаи мусаффои таърихи ҳазоронсолаи халқи маърифатофарин ва башардӯсти мост.

 

 Мутобиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллӣ ва ватандории ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

 24 ноябри соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро тасдиқ кард. Ҳамин тавр, 24 ноябри соли 1992 дар таърихи давлатдории муосири халқи тоҷик саҳифаи тоза боз гардид. Боиси хушнудист, ки имсол мо 30-юмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро таҷлил менамоем. Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз 3 ноябри соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро доир ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро 11 ноябри соли 2009, таҳти №1458 бо тарафдории тамоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кард ва он 19 ноябри соли 2009, таҳти №563 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ҳамон сол, дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, ки ин ифтихор ва сарбаландии ҳар як фарзанди меҳанпарасту миллатдӯсти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

 

 Ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 30 метр ва паҳноии 60 метр дар пояи 165 метр, ки яке аз баландтарин Парчам дар ҷаҳон мебошад, парафшон гардид. Дар робита ба ин, 23 ноябри соли 2015 дар Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Хусусан дар пояи баландтарин парафшон кардани Парчами давлатӣ рамзи ифтихору садоқат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили куҳанбунёдамон мебошад, ки маҳз дар замони истиқлол ба вуқӯъ пайваст. Ҷиҳати таҳкими суннати парчамдорӣ аз насли ояндасози мо тақозо мегардад, ки маъно ва моҳияти дар чунин баландӣ афрохта шудан ва ҳамеша парафшон будани парчамро дарк намоянд ва фаромӯш насозанд, ки ҳимоя ва афрохта нигоҳ доштани он вазифаи ҷонии ҳар як фарди соҳибватан мебошад».

 

 Ба сарчашмаҳои таърихӣ назар афканем, дар тамоми давру замон ва манотиқи ҷаҳон рамзу аломатҳои махсус вуҷуд дошт, ки бо ёрии онҳо одамон ба якдигар муносибати дӯстӣ пайдо менамуданд ва нишон медоданд, ки ба кадом қавм ва ё қабила мансубанд. Агар ин арзишҳо дар ибтидо танҳо дар доираи қабилаву қавми бузург ҳис карда мешуд, пас бо пайдоиши аввалин давлатҳо онҳо низ ташаккул ёфтанд. Ҳама гуна забон, хат, расму ойин барои миллатҳо меъёрҳои умдатарини фарқкунандагӣ маҳсуб мешавад, барои давлат бошад, низоми идоракунӣ, таъмини ҳисси худогоҳиву худшиносии шаҳрвандони он, нишон, парчам ва суруди миллӣ, махсусан доштани парчами миллӣ аҳамияти хос дорад, зеро ин рукни давлатдорӣ аввалин рамзи худшиносӣ ва муайянкунандаи қудрати сиёсӣ маҳсуб мешавад.

 

 Бояд гуфт, ки тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангиро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад. Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангсолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст. Ранги сурх – рамзи мубориза, ҷоннисории халқ баҳри озодӣ ва истиқлол аст. Ранги сафед рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, осоиштагиву сулҳ, имрӯзу ояндаи дурахшони мост. Ранги сабз бошад, нишони сарсабзӣ, нумӯъ ва сарбаландӣ, некию хуррамӣ мебошад. Дар қисми мобайнии Парчам бошад, тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

 

 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватани азизу маҳбубамон буда, баёнгари мустақилият, ягонагиву сарҷамъӣ, шарафмандӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, таҷассумгари ѓурури миллӣ, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми бонангу номус ва меҳнатқарину бофарҳанги мо мебошад. Бояд қайд намуд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддас танҳо дар ҷойҳои махсус, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, афрохта мешавад. Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин дигар ҷойҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, афрохта мешавад.

 

 Воқеан, дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад. Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.

 

 Аз ин рӯ, мо бояд ба масъалаи суботу амнияти Ватани азизамон ва ҳифзи давлату давлатдорӣ диққати боз ҳам бештар дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатӣ, миллати сарбаланди тоҷик то абад сарҷамъу муттаҳид, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамеша поянда ва Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва ободу пешрафта бошад.

 

 Марказӣ матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ