НАҚШИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИКОРУПСИОНИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ВА ЛОИҲАҲОИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ДАР НИЗОМИ ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

 Дар низоми чораҳои маҷмуии пешгирии коррупсия гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикорупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақши муҳим дорад.

          

 Зеро номукаммалии санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшаванда ва амалкунанда, аз қабили мавҷудияти минтақаҳои ноаён, мухолифатҳо, духӯра ифода ёфтани меъёрҳо, такрорёбии онҳо ва дигар омилҳои коррупсионӣ ба содир шудани амалҳои коррупсионӣ ва дар ин замина, дар раванди татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои қабули қарорҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат намуда, дар пайдоиши омилҳои коррупсионӣ дар онҳо шароити ҳуқуқиро фароҳам меоварад.

 

 Қобили қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ вобаста ба масъалаи мазкур, ки тибқи қонунгузорӣ гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти Агентӣ пешбинӣ гардидааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки фаъолияти мақомот дар самти ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузории амалкунанда мунтазам тақвият дода шавад.

 

 Тибқи Конститутсия Тоҷикистон давлати демокративу ҳуқуқбунёд эътироф гардида, бо такя ба меъёри мазкур тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолият маҳз мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шудаанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фарогири доираи номуайяни шахсон ва муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ифода менамояд ва ба амалишавии онҳо мусоидат мекунад.

 

 Дар чунин маврид табиист, ки мавҷуд будани омилҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо метавонад боиси поймолшавии ҳуқуқҳои шаҳрвандон гашта, раванди танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро дар ҳолати ногувор қарор диҳад. Зеро мавҷудияти омилҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба асосҳои ҳуқуқии содир намудани амалҳои коррупсионӣ шароит фароҳам оварда, фаъолияти субъектони татбиқи ҳуқуқро ҷиҳати содир намудани кирдорҳои коррупсионӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ расмӣ мегардонад.

 

 Бинобар ин, фаъолияти босамари экспертизаи давлатии зиддикорупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо барои ҷой гирифтани омилҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо монеа эҷод намуда, ҷиҳати бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

 

 Дар ҳақиқат агар сарчашмаи омилҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартараф карда нашаванд, тарғиботу ташвиқоти зиддикоррупсионӣ низ натиҷаҳои дилхоҳ дода наметавонад. Зеро омилҳои коррупсионии дар санади меъёрии ҳуқуқӣ мавҷудбуда дар дилхоҳ маврид метавонад, ки шахси масъулро барои содир намудани амалҳои коррупсионӣ водор созад.

 

 Дар қисми 3 моддаи 5 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, ки мақсади асосии ин санади байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мусоидат намудан ба қабул ва таҳкими чораҳое, ки ба пешгирии судманд ва таъсирноки коррупсия ва муқовимат бар зидди он нигаронида шудааст, мубрамияти масъалаи гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо ба инобат гирифта шуда, дар он пешбинӣ карда шудааст, ки  давлатҳои иштирокчӣ бояд мунтазам баҳодиҳии ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии худро вобаста ба пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ роҳандозӣ намоянд.

 

 Воқеан ислоҳоти ҳуқуқие, ки аз ҷониби мақомоти қонунгузории кишвар баъди соҳибихтиёрии давлат ҷиҳати таъмини волоияти қонун гузаронида шуд, низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мукаммал гардонид ва айни замон низ аз ҷониби ин мақомот такмили қонунгузорӣ дар иртибот ба вазъи тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешрафти ҷаҳони муосир идома дорад.

 

 Ба ҳолати имрӯза дар 15 намуд номгӯй зиёда аз чаҳорсад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки ҳолати мазкур беихтиёр ба қонунгузор имкон намедиҳад, ки дар раванди таҳия ва қабули ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ нозукиҳои муносибатҳои ҷамъиятиро мукаммал, бидуни ихтилофҳои меъёрӣ, расмиёти маъмурӣ ва намудҳои дигари осебпазир пешбинӣ намояд.

 

 Дар баробари ин, бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлат маҳсуб меёбад. Зеро яке аз роҳҳои таҳким бахшидани низоми давлатдорӣ ин тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим даровардани муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, ҳар як меъёр бояд бидуни хавфу омилҳои коррупсионӣ, шаффоф, мушаххас ва соддаю фаҳмо ифода ёбад.

 

 Экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намуди ташхисе маҳсуб меёбад, ки ба мавзӯи тадқиқоти илмӣ дар солҳои наздик ворид гардидааст. Вале бо вуҷуди маъруфият дар баҳсҳои илмӣ, то ҳол арзиши зарурати он ба таври лозима баҳогузорӣ карда нашудааст.

 

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ҷиҳати имплементатсияи муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия  санаи 13 декабри соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул гардид ва мутобиқи моддаҳои 3 ва 8 Қонуни зикршуда вобаста ба Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 ба тасвиб расид ва дар асоси меъёрҳои санадҳои зикршуда гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо ба зиммаи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Қабули ин санадҳои саривақтӣ қадами устувори ҳуқуқиро дар самти ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузошт.

 

 Минбаъд 16 октябри соли 2014 дар сохтори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, дар ин раванд ҳамчун воҳиди дастгоҳи марказии мақомот раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъсис дода шуд ва раёсати мазкур то инҷониб дар самти гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо фаъолияти худро идома дода истодааст.

 

 Дар ҳақиқат саҳми экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пеш аз қабули лоиҳаҳо басо муфид аст ва гузашта аз ин, сабаб аз он ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида низ ба низоми қонунгузории Тоҷикистон ворид карда шудаанд, зарур аст, ки дар соҳаи мазкур мутахассисони салоҳиятнок, бо тахассусияти баланд, ки тавонанд дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳайси эксперт эътироф гарданд, омода карда шаванд.

 

 Таҷриба ва таҳлили фаъолияти Агентӣ нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо мунтазам гузаронидани арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо яке аз чораҳои самараноки пешгирикунандаи ҳолатҳои коррупсионӣ маҳсуб меёбад.

 

 Қонунгузории самти мазкур се тарзи гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро пешбинӣ мекунад ва ба ин номгӯй экспертизаи давлатии зиддикорупсионӣ, экспертизаи ҷамъиятии зиддикорупсионӣ ва арзёбии дохилиидоравии зиддикорупсионӣ шомил карда шуда шудаанд.

 

 Таҳти мафҳуми экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - фаъолият оид ба ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаҳмида шуда, он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ ваколатдор амалӣ карда мешавад ва аз натиҷаи он ҷиҳати баррасии ҳатмӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ (яъне ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда) хулоса пешниҳод мегардад.

 

 Арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бошад, фаъолияти мақомоти давлатии таҳиякунандаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот) оид ба ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

 Зарурати гузаронидани арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар он зоҳир мегардад, ки  дар раванди он ҷиҳати  асосноккунии таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо, хориҷ намудани меъёр, қатъ намудани амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ғайра дар баъзе маврид воқеан донишҳои махсуси соҳавӣ тақозо мегардад. Зеро аз як тараф агар онҳо нозукиҳои зарурати қабули лоиҳаро хубтар дарк кунанд, аз тарафи дигар татбиқи амалии санади меъёрии ҳуқуқӣ минбаъд аз ҷониби субъектони ҳамон соҳа амалӣ мегардад.

 

 Экспертизаи ҷамъиятии зиддикорупсионӣ бошад, ҳамин намуди фаъолият буда, он танҳо аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.

 

 Тавре дар боло ишора рафт, мақсади фаъолияти экспертизаи давлатии зиддикорупсионӣ ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия маҳсуб меёбад, яъне дар раванди гузаронидани он дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо меъёрҳое ошкор карда мешаванд, ки онҳо ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳамчунин ба меъёрҳои барномаҳои (стратегияҳои) давлатии дар самти муқовимат ба коррупсия таҳиягардида мухолифат доранд ва барои зуҳуроти коррупсия, аз ҷумла бархӯрди манфиатҳо, вайрон намудани одоби хизматӣ ва риоя накардани принсипи шаффофият шароити мусоид фароҳам оварда, ба мақомоти давлатии ҳуқуқтатбиқкунанда ва шахсони мансабдори онҳо берун аз қоидаҳои умумӣ ваколатҳои беасоси фармонфармоӣ ва ихтиёрдорӣ дода, имконияти татбиқи беасоси истисноҳоро аз қоидаҳои умумии муқарраршуда, ҳамчунин хавфи пайдоиши ҳолатҳоеро ба вуҷуд меоранд, ки дар заминаи пешниҳод намудани талаботи номуайян, иҷрояш мушкил монеаҳои сохтаро барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ эҷод мекунанд.

        

 Дар кисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» намудҳои омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки ба ҳуқуқтатбиқкунанда ваколатҳои беасос ва васеи фармонфармоӣ, ихтиёрдорӣ ё имконияти татбиқи беасоси истисноҳо аз қоидаҳои умумиро муқаррар менамояд,  дар 12 номгӯй пешбинӣ карда шудааст.

        

 Ҳарчанд аз таъсиси раёсати экспертизаи давлатии зиддикорруппсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Агентӣ ҳамагӣ 8 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, амалияи фаъолият нишон медиҳад, ки таҷрибаи мақомот дар ин самт батадриҷ такмил ёфта, фаъолият мунтазам рушд ёфта истодааст.

 

 Натиҷаҳои баррасӣ ва гузаронидани экспертизаҳои давлатии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нишон медиҳанд, ки дар лоиҳаҳо аз омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, аз қабили риоя накардани талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, поймол ва ё маҳдуд кардани ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷамъият ва шаҳрванд, ба инобат нагирифтани манфиатҳои давлатӣ ва идоравӣ, кӯшиши ба худ гирифтани ваколату салоҳияти дигар сохтору идораҳои давлатӣ, номукаммал, бидуни асосноккунии зарурати қабули санад таҳия намудани лоиҳаҳо, бартараф накардани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар онҳо, бо риояи ҳамаи талаботҳо нагузаронидани арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бартараф накардани мухолифатҳо, сари вақт таҳия накардани санадҳо, риоя накардани муҳлати мувофиқаи лоиҳаҳо ва ғайраҳо ҷой доранд.

 

 Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ баррасии хулосаи экспертизаи давлатии зиддикорупсионӣ ҳатмӣ буда, дар муҳлати якмоҳаи муқаррарнамудаи Қонун аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ҳатман мавриди муҳокима қарор дода мешавад ва аз натиҷаи бартараф намудани омилҳои ошкоргардида ба мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод мегардад.

        

 Аз ин рӯ, фаъолияти экспертизаи давлатии зиддикорупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо, ки муҳимтарин заминаи муқовимат ба коррупсия маҳсуб меёбад, минбаъд низ аз ҷониби Агентӣ мунтазам тақвият дода мешавад. Зеро танҳо дар раванди гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ ҳар як лоиҳа ба таври ҳатмӣ бо омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва дар маҷмӯъ баҳогузорӣ карда шуда, дар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкору бартараф карда мешаванд.

        

 Яқинан экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо ба ҳайси механизме маҳсуб меёбад, ки он меъёрҳои қонугузориро ҷиҳати ҳифзи Конститутсия ба танзим медарорад, то ки ягон меъёри он хилофи меъёрҳои конститутсионӣ таҳия ва қабул карда нашавад ва онҳо пештар аз ҳама, манфиатҳои инсон ва шаҳрванд,  ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва ҷамъияту давлатро, ки меъёрҳои авлавиятдоштаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, ҳимоя ва ҳифз намоянд.

 

 Сардори раёсати экспертизаи давлатии

зиддикоррупсионии  санадҳои меъёрии

ҳуқуқии Агентӣ, полковники адлия Расулӣ Барот

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ