Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлати соҳибистиқлол.

 Конститутсия - ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад (Эмомалӣ Раҳмон)

 

 Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарафманди кишвар ва муҳимтарин рӯйдоди таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

 

 Маҳз бисту ҳашт сол қабл, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо иродаи кулли мардуми тоҷик қабул гардида, ба ҳифзи Истиқлолият ва муайян намудани пояҳо ва аркони давлату давлатдории навини тоҷикон нақши ҳалкунанда бозид.

 

 Конститутсия санади сарнавиштсоз ва шиносномаи миллати тоҷик дар арсаи рушд ва нумӯи давлатдории миллӣ, ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ, қарору қонунҳои амалкунандаи ҷомеа мебошад.

 

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба он ки маншаи аввалини худро аз Эъломияи Куруши Кабир, ки масъалаи меҳвариашро эҳтироми инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, риояи рукнҳои адолат ва меъёрҳои адолати иҷтимоӣ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ташкил медод гирифта, вале мазмуну муҳтавои бобҳо, моддаҳо ва зербандҳои он фарогири тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиямон мебошанд.

 

 Масъалаҳои меҳварии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мафҳумҳои инсон, шаҳрванд ва халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти кишвар, арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди он, ҳимояи боигариҳои табиии кишвар ва сохтори идоракунии давлатӣ ташкил дода, дигар масоили дарҷёфта ифодакунандаи ин нуқтаҳои меҳварӣ мебошанд.

 

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст.

 

 Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Конститутсия – ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар - тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократия, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд».

 

 Мазмун ва муҳтавои бобҳо ва моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ба меъёрҳои ҳуқуқии аҳли башар мувофиқат мекунанд, ки маҳз ин тамоюлгирӣ ҳамчун намунаи беҳтарин эътироф шудани онро аз ҷониби коршиносони Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо пайдо кард.

 

 Ҳамзамон Конститутсия аз он ҷиҳат арзишманд аст, ки он дастоварди мукаммали даврони соҳибихтиёрии кишвар, сарчашмаи ҳуқуқии бунёди давлати тозатаъсиси миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъминкунандаи истиқлолият, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои тамоми шаҳрвандони кишвар мебошад.

 

 Конститутсия дар худ маҷмӯи арзишҳои эътирофшудаи ҷомеаи шаҳрвандиро инъикос намуда кафили ҳифзи эътимоднокии онҳо, шукуфоии кишвар дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ мебошад.

 

 Аз ин нуқтаи назар Конститутсия ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа, бахусус, фаъолияти созандагию бунёдкорӣ, шароити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангиро фароҳам оварда, мардуми кишварро ба меҳнати софдилона, татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, қарору қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуд.

 

 Азбаски Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии кишвар ҳамрадифи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа маҳсуб меёбад, бинобар ин ба санади тақдирсоз низ бо назардошти манфиатҳои давлату ҷомеа зарурати ворид кардани тағйироту иловаҳо пеш омад. Зеро Конститутсия мустаҳкамкунанда, муайянкунандаи мақом ва манзалати инсон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар ҳудуди давлат, таҳким ва устувории ҳокимияти давлатӣ, ба вижа, ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва суд маҳсуб ёфта, таҳкиму устуворӣ ва сулҳу суботи ҷомеаро таъмин менамояд.

 

 Аз ин рӯ, вобаста ба талаботи замон ва ҳимояи тамомияти арзиву  манфиатҳои миллӣ, амният ва сулҳу субот дар кишвар тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд давра тавассути райъпурсии умумихалқӣ  ворид гардидааст.

 

 Тағйироту иловаҳо ба Конститутсия тақозои онро доранд, ки минбаъд низ дар асоси талаботи бобҳо ва моддаҳои ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар кишварамон  Ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, пояи он устувор мегардад. Зеро мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як модда муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа, дифои ҳуқуқу озодиҳои ӯ буда, бо ин назардошт аҳолии кишварро ба фаъолияти ободкорию созандагӣ, эҳтиром кардани арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва амнияти ҷомеа, нагаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳаракату ташкилотҳои тамоюли ифротидошта ва расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят менамояд.

 

 Бо ташаббуси сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо заҳмати софдилонаи мардуми кишвар ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 инҷониб ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳои милливу соҳавӣ рӯйи кор оянд.

 

 Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини мо пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ин ҳама маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон  ва заҳмату кӯшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардидааст.

 

 Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст аз меъёрҳои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз бохабар бошад ва риояи онро қарзи ҷонии хеш шуморад.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail