Терроризм ва экстремизм-вабои аср

 «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

 Воқеан яке аз падидаҳои манфур ва хатарноки ҷаҳони муосир, ки ба сулҳу субот ва якпорчагии давлатҳои дунё таҳдиди бевосита дорад ин амалҳои террористиву экстремистӣ маҳсуб меёбад. Содир намудани чунин амалҳои ғайриинсонӣ ҷони ҳазорҳо сокинони осоишта, ҳатто тифлакони бегуноҳро низ аз байн мебарад ва аксаран боиси барангехтани низоъҳои миллию иҷтимоӣ ва динӣ мегардад. Ҳамзамон чунин амалҳои ноҷавонмардона боиси нобудшавии сарватҳои моддию маънавии таърихии халқу миллатҳое мегарданд, ки барқарор намудани онҳо

ғайриимкон аст.

 

 Имрӯз ҷиноятҳои хуссусияти террористиву экстремистидошта аз доираи қаламрави як давлат берун баромада, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Ташкилотҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ зери ниқоби ҳаракатҳои озодихоҳӣ ё ҷунбишҳои сиёсӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои геополитикӣ аз ҷониби баъзе кишварҳо маблағгузорӣ ва пуштибонӣ гардида, вазъи сиёсии ҷаҳони муосирро боз ҳам мураккабу муташанниҷ гардонида истодаанд.

 

 Набояд фаромӯш сохт, ки шахсе, ки даст ба амалҳои террористӣ мезанад ягон рабте бо халқият, миллат ва одамият надорад. Зеро аз ҷониби чунин шахсон аксаран амалҳое содир мегарданд, ки аз доираи ақли инсонӣ берун буда, ҳатто дар пасттарин амали ҳайвонӣ он дида намешавад. Куштори ваҳшиёнаи одамони бегуноҳ, аз ҷумла модарону тифлакони онҳо хислати хоси гуррӯҳҳои террористӣ гардида, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои «хоҷагон»-и маблағгузор ҳатто ба волидайни худ, раҳму шафқат надоранд.

 

 Ҳодисаи шаҳри Раққаи Сурия ба тамоми инсоният нишон дод, ки террорист модар, ватан, дин, мазҳаб ва дар умум фаҳмишу дарки инсонӣ надорад. Чунончи, ҷангҷӯи 20-солаи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бо номи Алӣ Сакр ал-Қосимӣ модараш бо номи Линаро, ки аз фарзандаш хоҳиш намудааст то  фаъолияташро хотима бахшида, дар дами пирӣ асои дасти модар гардад, боздошт ва ба бединӣ муттаҳам карда, модари худро дар пеши назари мардум ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидааст. Магар ба қатл расонидани модар, ки моро бо ранҷу заҳмати беандоза ба дунё оварда, бо умеде ба воя расонидааст ва биҳишт зери қудуми ӯст дар ягон дин, мазҳаб ё фаҳмиши миллӣ ҷоиз аст? Алббатта, ки не. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки террорист ба ҳеҷ шахс ҳатто ба падару модари худ раҳм надошта, умуман манфиати миллӣ надорад.

 

 Қатлу куштор, ваҳшоният ва муносибати ғайриинсонӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ анҷом дода мешавад, танҳо барои ҷорӣ намудани тарсу ваҳм дар байни ҷомеа, заиф гардонидани пояҳои давлатдорӣ, халалдор сохтани сулҳу субот, барангехтани кинаю адовати миллӣ равона гардида, бо ин роҳ мехоҳанд, ки зимоми давлатдорориро ба дасти худ гирифта, ақидаҳои хурофотпарастонаи худро ҷорӣ намоянд. 

 

 Мо бояд пайваста дар хотир дошта бошем, ки мақсаду мароми тамоми гуррӯҳои созмонёфтаи террористиву экстремистӣ танҳо ба даст овардани қудрат буда, чиҳати амалӣ намудани ин мақсади худ тамоми роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсониро истифода менамоянд.

 

 Қайд бояд кард, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ташкилотҳои байналмилалии террористӣ-экстремистӣ ба монанди «Ал-Қоида», «Бародарони мусалмон», «Гурӯҳи 24», «Давлати исломӣ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷамъияти Таблиғот», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Толибон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳизби наҳзати исломӣ», «Салафия» ва дигар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо истифода аз вазъияти баамаломада хостанд, ки мақсаду ангезаҳои динӣ-сиёсии давлатҳои хориҷро дар Тоҷикистони ҷавону тозаистиқлол амалӣ намуда, тамаддуни миллати куҳанбунёдро аз байн баранд.

 

 Гузашти вақт ва таҷриба нишон дод, ки афкори ифротии ин гуна ташкилотҳо барои мардуми тоҷик бегона буда, аз хориҷи кишвар тарҳрезӣ ва идора мешуданд. Роҳбарон ва аъзои фаъоли ташкилотҳои мазкур бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ даҳҳо ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир карда, ҳадафи асосиашон ноором сохтани авзои сиёсӣ ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конс¬титутсионӣ ва ғасби ҳокимият буд.

 

 Хушбахтона фарзанди фарзонаи миллат, қаҳрамони воқеии халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдоририро ба дасти хеш гирифта, поягузори сулҳу ваҳдат ва якпорчагии ватани азизамон гардид. Ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ сарвари мамлакатро водор намуд, ки ҷони ҷавони хешро дар хатар гузошта баҳри адои қарзи фарзандии хеш дар назди ниёгони халқи тоҷик ба ҳама таҳдиду фишорҳои душманони миллат мардонавор истодагарӣ намуда, миллатро аз парешонӣ наҷот диҳад.

 

 Дар баробари ин, хиради азалӣ, ақли солим ва заковату меҳанпарастии фарзандони бонангу номуси Ватан, ки манфиати миллиро аз ҳама болотар дониста ҷони худро барои пойдории миллат дареғ надоштанд садди роҳи ҷинояту ҷинояткориҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ гардида, сулҳу субот ва якпорчагии Ватани азизамонро нигоҳ доштанд.

 

 Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ аз оқибатҳои фоҷиабори фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ-террористии байналмилалӣ хуб огаҳ аст, муборизаи беамон ва муташаккилона зидди экстремизм ва терроризмро дар меҳрвари сиёсати давлатӣ қарор додааст.

 

 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» зикр намуданд, ки: «Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад».

 

 Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади ба роҳ мондани муборизаи беамон бо ин падидаи номатлуб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

 

 Аз ҷумла, мувофиқи талаботи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё аз тариқи зӯрӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии дигар қабул гардида, мавриди амал қарор дода шудаанд.

 

 Дар баробари ин, барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ аз қабили Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон «Оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардида, он фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатиро бо дарназардошти  ташаккул ва ҷорӣ намудани меъёрҳо ва механизмҳои пешгирии экстремизм ва терроризм ҷиҳати таъмини рушди босуботи давлат, ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат муайян намудааст.

 

 Зимнан қайд бояд кард, ки заминаҳои ҳуқуқӣ танҳо роҳи ҳалли масъала набуда, пеш аз ҳама мо бояд ҳисси ватандӯстиву хештаншиносиро дар афкори ҷомеа талқин намоем. Ҳар шахс аз ҷумла, ҷавонон бояд бо роҳи донишу маърифати тоҷикона Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва  Истиқлолияти  давлатии  Ватани азизамонро  ҳамаҷониба  қадр  намуда, ба  чунин  арзишҳои  муқаддас  арҷ гузоранд. Зеро таҳлили парвандаҳои ҷиноятии хусусияти террористӣ ва экстремистидошта нишон медиҳанд, ки беш аз 80 фоизи шомилшудагон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба созмону ташкилоти ифротгаро ва террористӣ ҷалб гардида, танҳо 8 фоиз дорои маълумоти олӣ, 12 фоиз маълумоти олии нопурра ва миёнаи махсус буда, 78 фоизи боқӣ маълумоти миёнаи умумӣ ва миёнаи умумии нопурра доранд.

 

 Ҳар як фарди бедордил бояд дар хотир дошта бошад, ки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба фарҳангу маданияти бегона такя накардааст ва нахоҳад кард. Мо тоҷикон таъриху тамаддуни ҷаҳонӣ дошта, ниёгони мо намунаи ибрати тамоми ҷомеаи башарӣ гардидаанд. Дар ягон давру замон миллати тоҷик бо даст задан ба амалҳои террористиву экстремистӣ ном набароварда, дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия ёфтааст.

 

 Ҳар яки моро зарур аст, ки манфиати миллии хешро дар мадди аввал гузошта, насли ояндаро дар роҳи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба халқу миллати хеш, садоқат ба Ватан - модар, ки онро ном Тоҷикистон аст, тарбия намоем. Танҳо дар ҳамин сурат ягон ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ бо роҳбарии хоҷагони хориҷии худ ба руҳияи мардуми сарбаланди тоҷик наметавонанд таъсири манфӣ расонанд.

 

 Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор аз давлату миллати хеш ғайр аз иҷрои уҳдадориҳои ба зиммашон гузошташуда, инчунин баҳри пешгирии содиршавиии ҷиноятҳои фаромиллӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, ба ин васила дар пойдории сулҳу субот ва якпорчагии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.

 

 Мо аз он шукргузорем, ки дар фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии миллӣ умр ба сар мебарем. Бигзор осмони соф, сулҳу суботи поянда, дастовардҳои ваҳдати миллӣ, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши рӯзгори осудаҳолонаи мардуми кишвари мо бошанд!

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ