Конститутсия - қонуни асосии давлат ва ҷамъият
Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 26 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикон, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.
Албатта яке аз рамзи давлатдории мо ин Конститутсия мебошад, ки мардуми шарифи тоҷик дар асоси рукнҳои он амал менамояд. Ҳама он санаду фармонҳо дар асоси Конститутсия аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал ҷорӣ карда мешавад. Конститутсия ин «Шоҳсутун» ва «Шиноснома»-и давлат мебошад. Конститутсия аз истилоҳи лотинӣ «constitutio» гирифта шуда, маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дорад.
Конститутсия ин шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода мебошад. Ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, ба он 3 маротиба солҳои 1999, 2003 ва 2016 таѓйиру иловаҳо ворид гардидаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии ҷамъият ва давлат, хусусият, сохтор ва таркиби давлат, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, асоси иқтисодии давлат, самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии он, соҳибихтиёрии халқ, тақсимнашаванда ва дахлнопазирии марзи давлатӣ, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъият, таҷзияи ҳокимияти давлатиро муқаррар намуда, як қатор муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиву давлатиро ба танзим даровардааст.
Дар таърихи кишвари мо панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки он марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекард. Қабули Қонуни асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлолият ба шумор рафта, рӯйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт. Ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар дар роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст. Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи нави он асос гардид. Дар он хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардиданд.
Соли 2020 дар ҳаёти кишвари мо як рӯйдоди фараҳбахше аз таърихи давлату давлатдорӣ нақши худро гузошт. Мо Президент, Сарвари давлатамонро интихоб намудем. Мо Сарвареро бори дигар интихоб намудем, ки барои Ватану миллати худ ҷони худро дареѓ надошта, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар ҷонбозиҳо намуда мардуми кишвараш Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмиллалӣ шиносонид. Қаҳрамониҳои фарзанди барӯманди миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд. Чи хеле ки аз суханрониҳои Ҷаноби Олӣ бармеояд: «Яке аз дастовардҳои бузургу барҷастаи ин раванд демократикунонии тамоми ҳаёти ҷомеа мебошад, ки аслу ҷавҳари онро арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ташкил медиҳад, ки онҳо бо меъёрҳои эътирофшудаи байналхалқӣ, махсусан Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, Қарордоди байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, Қарордоди байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои муътабари ҳуқуқи байналмиллалӣ такя мекунад.».
Конститутсия силсилаи мукаммали ҳуқуқу озодиҳои фардӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро эълон намуда, кафолати амалишавии онҳоро муқаррар кардааст, ки ин ҳама дар маҷмӯъ шароити заруриро барои инкишофи озодии инсон фароҳам меорад.
Конститутсияи мо давлату давлатдории навинро асос гузошта, тамоми рукнҳои онро масъул сохтааст, ки дар чаҳорчӯбаи муайяншуда фаъолият намоянд. Дар ин замина рушду такомули доимии онҳо бо дарназардошти шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, таърихиву анъанавӣ ва миллии кишварамон аз вазифаҳои муқаддаси мо мебошанд. Аз он ҷое, ки Конститутсия қонуни асосии давлат эътироф шудааст ва муносибатҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро танзим мекунад, тибқи меъёрҳои он амал намудан вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҳамин тавр, Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ва маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа, ба хусус фаъолияти созандагию бунёдкорӣ шароити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангиро фароҳам оварда, мардуми кишварро ба меҳнати софдилона, татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ раҳсипор менамояд.
Мо дар ҳамбастагӣ ва пайравӣ ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони азизро ба муносибати 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва ободӣ орзу менамоем. Бигузор истиқлолияти бадастовардаи халқи тоҷик абадан боқӣ монда, шаъну шарафи миллати тоҷик дар ҷаҳон боло гирад ва сарбаландиву некномиҳои ҳар як фарди тоҷикистонӣ дар қалбҳои мардуми сайёра хотираи дурахшонро боқӣ гузорад.
Роҳбарияти Агентии назорати
давлатии молиявӣ ва мубориза
бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон